Ҷашни “Наврӯз-2019”
“Коваи оҳангар”
«Шӯриши Восеъ»
Дарси Маҳоратӣ
Артиши Миллӣ
«Этно – Ҷаз»
Мастер-класс солфедҷо

АСОСӢ

Шоми мусиқии симфонӣ

         Шоми 20 июни соли 2019, соати 19:00 Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Амфитеатри Боғи Куруши Кабир “Шоми мусиқии симфонӣ” баргузор намуд.

 

“Коваи оҳангар” дар саҳнаи консерватория

Рӯзи 8 июни 2019, соати 10:00 дар Толори калони консерватория Студияи операвӣ “Коваи оҳангар”, Либреттои А. Лоҳутӣ, оҳангсоз С. Баласанян, Ш. Бобокалонов баргузор гардид. 

Консерти оркестри  созҳои миллӣ

        20 майи соли 2019, соати 16:00 дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти ор кестри созҳои  миллии факултети иҷрокунандагӣ бо …

Мастер-класс по сольфеджо

        Аз 3-8 майи соли 2019, соати 13:00 дар Толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дарсҳои маҳоратӣ, аз фани мусиқӣ-назариявии бо дотсенти консерваторияи кафедраи теории музыки шаҳри Санкт-Петербург Консерватории, кандидат иску ствоведения Литвинова Татьяна Але ксандровна…

  Дарси маҳоратӣ профессор Дилбар Ҳакимова

     Аз 16  феврал то 2 марти  соли 2019, соати 14:00 дар Толори хурди Кон серваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо иштироки ноибони ректор, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳо инчунин донишҷӯён ва таъ лимгирандагони мактаб интернати махсуси мусиқӣ …

Мастер – класс Музыкальный вечер “Поэзия русского романса”

Шоми имрӯз 17 декабр соати 16 00 дар Толори калони Консерваторияи милли Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Музы кальный вечер “Поэзия русского романса” аз ҷониби ҳунармандони Федератсияи Россия Виктория Носовская, Вячеслав Ольховский ва консертмейстер Виктория Пфистер …

 VI Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз»

  Аз 26-28 апрели соли 2019, дар Толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов VI-умин Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз» баргузор шуд, ки дар доираи он дарсҳои сайқали маҳорат (мастер-класс) ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Этно – Ҷаз» доир гашт. Ҳунармандон аз мамлакатҳои Шветсария, Германия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Австрия, Голландия ва Франсия баромад карданд. 

 V Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз»

  30 апрели 2017 дар Толори калони консерватория V – умин Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз», ки дар он ҳунармандон аз мамлакатҳои Фаронса, Австрия, Швейтсария, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Олмон, инчунин гурӯҳҳои машҳури тоҷик аз ҷумла «Дилнавоз», «Бахтиёр», «Руё», «Бахт», «Даҷ», «Хоруғ», «Дю» ва ҳунармандон ба мисли Ҷаннат Ҳусейнзода, Парвин Юсуфӣ баромад карданд.

 Сафари ҳунарӣ ба Ҷумҳурии Беларусия вилояти Брест 

    Тибқи дархости Вазорати фарҳанги ҶТ аз 2 то 7 апрели соли 2019, аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов омӯзгори калони факултети мусиқии суннатии тоҷик кафедраи сарояндагии анъанавӣ Ҳай даров Зоиршо дар чорабини бахшида ба шаҳри фарҳанги Брести Ҷумҳурии Бела рус,ки дар он аз тамоми давлатҳо Қирғизистон,Қазоқистон, Туркманистон, Россия,Италия  …

 Дарси маҳорат бо Ҳунармандони соҳаи мусиқӣ дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон

  Аз 18 январ то 21 январи соли 2019 тибқи нақшаи Маркази мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд дар Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон дарси маҳорат ва эҷодӣ баргузор гардид, ки аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов устоди соҳаи Шашмақом, иҷрокунандаи вазифаи дотсент….

 Сафари ҳунарии омӯзгорони консерватория ба Ҷумҳурии мардумии Чин

  15-22 майи соли 2019, рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор гардид. 17 май дар театри Эрчии шаҳри Пекин ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, ки дар барномаи консертӣ дар қатори дигар ҳунармандон омӯзгорони консерватория Назриев Исмоил, Хуршед Иброҳимзода..

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов

  Мактаби олии мусиқӣ – Консерваторияи миллии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлол аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин нуқта таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, зарурати таъсиси консерваторияро дастгирӣ намуд. Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати ҶТ таҳти №76 бинои Департаменти андоз ва саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ш. Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода 155, ҷиҳати ҷойгир намудани Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Таҳти № 196, аз 10 – уми май соли 2003 Консерваторияи миллӣ таъсис ёфт.

  Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 – уми октябри соли 2008, таҳти №533 «Дар бораи абадӣ гардондани хотираи композитори маъруфи тоҷик Талабхуҷа Сатторов» муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов» номгузорӣ карда шуд.

Консерватория фаъолияти таълимии худро дар заминаи барномаҳои таълимии асосӣ ва иловагии мактабҳои олии Тоҷикистон ба амал меоварад. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таълимӣ – методӣ, илмӣ – тадқиқотӣ, фаъолияти эҷодӣ ва консертӣ – иҷрокунандагӣ мебарад.

  Консерватория дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба маориф» (15 майи соли 1997) ва «Оид ба фарҳанг», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи мактаби олӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии Таълими маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи консерватория фаъолият мекунад.

  Консерватория дар заминаи факултетҳои иҷрокунандагӣ ва мусиқии тоҷики Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, бо ҳифзи тахассусҳои фортепиано (арғунун), созҳои оркестрӣ, созҳои миллӣ, мусиқишиносӣ, овозхони академӣ, овозхони анъанавӣ, мутрибони анъанавӣ, композиторӣ, дирижёри оркестри симфонӣ таъсис дода шуд. Баъдан тахассусҳои ба мисли коргардони сабти овоз ва коргардони театрҳои мусиқӣ илова гардиданд.

 Талабхуҷа Сатторов
(12.10.1953 – 10.04.2007) 

    Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1998 – 2001), якумин ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2003 – 2007), композитор, профессор, лауреати Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессори фахрии Консерваторияи миллии Қирғизистон.
Солҳои 1984-1986 дар ассистентура-коромӯзии Консерв аторияии давлатии Москва ба номи П. И. Чайковский таҳсил кардааст. Т. Сатторов дар ҷавонӣ истеъдоди гуногунпаҳлӯ дошт. Иштиёқи бузург нисбат ба расмкашӣ, гаҷкорӣ, коркарди санг ӯро соли 1970 ба шуъбаи меъмории Институти политехникии Тоҷикистон овард.