Ҷашни “Наврӯз-2019”
“Коваи оҳангар”
«Шӯриши Восеъ»
Дарси Маҳоратӣ
Артиши Миллӣ
«Этно – Ҷаз»
Мастер-класс солфедҷо

ДАРСҲОИ МАҲОРАТӢ

Мастер-класс по сольфеджо

        Аз 3-8 майи соли 2019, соати 13:00 дар Толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дарсҳои маҳоратӣ, аз фани мусиқӣ-назариявии бо дотсенти консерваторияи кафедраи теории музыки шаҳри Санкт-Петербург Консерватории, кандидат искуствоведения Литвинова Татьяна Александровна бо аспирантон, магистрантон ва донишҷӯёну омӯзгорони консерватория гузаронида шуд.

Дарси маҳоратӣ профессор Дилбар Ҳакимова

  Аз 16 феврал то 2 марти соли 2019, соати 14:00 дар Толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо иштироки ноибони ректор, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳо инчунин донишҷӯён ва таълимгирандагони мактаб интернати махсуси мусиқӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар мавзӯи “Баррасии баъзе усули навозандагӣ” бо иштироки профессори кафедраи фортепианои тахассусӣ, Дилбар Ҳакимов дарси маҳоратӣ гузаронида шуд. Мақсад аз баргузори дарси маҳоратӣ ин баланд намудани савияи донишҷӯён дар самти интихоб кардаи худ мебошад.

Мастер – класс Музыкальный вечер “Поэзия русского романса”

 Шоми имрӯз 17 декабр соати 16 00 дар Толори калони Консерваторияи милли Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Музыкальный вечер “Поэзия русского романса” аз ҷониби ҳунармандони Федератсияи Россия Виктория Носовская, Вячеслав Ольховский ва консертмейстер Виктория Пфистер пешкаши ҳозирин намуданд. Дар барномаи фарҳангӣ ректори консерватория муҳтарама Азизӣ Фароғат, ноибони ректор, деканҳои факултетҳо, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо, дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон байни ду давлати бо ҳам дуст мебошад.

Ташрифи меҳмонон аз Донишгоҳи санъати шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии халқии Хитой

 19 декабри соли 2018 соати 1000 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов меҳмонон аз Донишгоҳи санъати шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии халқии Хитой дар ҳайати 6 нафар, барои ҳамкориҳои минбаъдаи ду муассисаи таълимӣ ташриф оварданд.

Дарси маҳорат бо Ҳунарманди шоиста, устоди омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Ҳоҷи Абдулазиз Расулов-и ш. Самарқанд Асадулло Атоуллоев

 Санаи 24 майи соли 2018, дар Толори хурди консерватория дарси маҳорат бо Ҳунарманди шоиста, устоди омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Ҳоҷи Абдулазиз Расулов-и ш. Самарқанд Асадулло Атоуллоев ташриф оварданд. Дар он устод аз ашъори Ҳофиз, Бедил ва дигар шоирон суруд замзама намуд. Инчунин устод Асадулло Атоуллоев бо устодони консерватория аз ҷумла, Эргашева М., Маҳматқулов Б., Абдуллоев А. ва дигарон бадеҳахонӣ карданд.

Дарси маҳоратӣ аз Узбекистон

 (09.03.2018), соати 09:00 – дар Толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов дарси маҳоратӣ аз «Узбекистон», бо иштироки директори генералии маркази мақом профессор Солӣ Бегматов ва Ҳофизи халқии Узбекистон, профессори Консерваторияи давлатии Узбекистон Маҳмуд Тӯйчибоев.

 27 апрели 2017, – дарси маҳорат бо иштироки ҳунармандони ансамбли «Florian Favre trio», Швейтсария, Толори хурди консерватория.

  28 апрели 2017, – дарси маҳорат бо иштироки ҳунармандони ансамбли «Salt peanuts», Қирғизистон, Толори хурди консерватория.

 28 апрели 2017, – дарси маҳорат бо иштироки ҳунармандони ансамбли«Kemenjazz», Туркия, Толори хурди консерватория.

  29 апрели 2017, – дарси маҳорат бо иштироки ҳунармандони ансамбли «Satjan project», Қазоқистон, Толори хурди консерватория.

29 апрели 2017, – дарси маҳорат бо иштироки ҳунармандони ансамбли «Women voice», Австрия, Толори хурди консерватория.

29 апрели 2017, – дарси маҳорат бо иштироки пианинонавозYeye Faye, Фаронса, Толори хурди консерватория.

1 майи 2017, – дарси маҳорат бо иштироки ҳунармандони ансамбли «Thomas Langer & Ralf Cetto duo», Олмон, Толори хурди консерватория.