Ҷашни “Наврӯз-2019”
“Коваи оҳангар”
«Шӯриши Восеъ»
Дарси Маҳоратӣ
Артиши Миллӣ
«Этно – Ҷаз»
Мастер-класс солфедҷо

консертҳо

VI Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз» 

        Аз 26-28 апрели соли 2019, дар Толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов VI-умин Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз» баргузор шуд, ки дар доираи он  дарсҳои сайқали маҳорат (мастер-класс) ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Этно – Ҷаз» доир гашт. Ҳунармандон аз мамлакатҳои Шветсария, Германия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Австрия, Голландия ва Франсия баромад карданд. Инчунин донишҷӯёни факултети санъати мусиқии эстрадӣ, ва факултети мусиқии суннатии тоҷик Иброҳимова Миҷгона, Негматов Фирдавс, Эгамбердиев Шаҳзод, Боқиев Муҳаммад ва Норов Ҷурабек таҳти унвони “Садои ғарб” коркард ва оҳанги Норов Ҷурабекро иҷро намуданд, ки аз ҷониби ҳозирин хеле хуб пазируфта шуд.