Ҷашни “Наврӯз-2019”
“Коваи оҳангар”
«Шӯриши Восеъ»
Дарси Маҳоратӣ
Артиши Миллӣ
«Этно – Ҷаз»
Мастер-класс солфедҷо

консертҳо

Мужда, эй дӯст, ки наврӯзи баҳор омадааст

     Рӯз 30 марти соли 2019, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов иди Наврӯз бо як шукуҳӯ шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд.  Дар саҳни консерватория овози карнаю сурнай аз оғози иди баҳор Наврӯзи хуҷастапай мужда дода, шодиву сурур ҳаду канор надошт. Дар ин рӯзи фараҳбахш аз ҷониби се факултет, факултети мусиқии суннатии тоҷик, факултети иҷрокунандагӣ, факултети санъати мусиқии эстрадӣ дастархони идона ороста шуда, намоиши газетаҳои деворӣ, намоиши китобҳо оид ба Наврӯзи аҷам, ки фарҳангу таърихи башариамонро боз аз нав эҳё гардониданд. Сипас дар Толори калони консерватория барномаи консертии идонаи донишҷӯйён пешкаши иштирокдорон шуд. Ва дар охир туҳфаҳои идона ба ғолибони дастархони Наврӯзӣ, газетаи девории беҳтарин, қироати рубоии беҳтарин, хонаи намунавӣ ва ғолибони бозиҳои варзишӣ аз ҷониби иттифоқи касаба Назриев Исмоил, супорида шуданд.