Ҷашни “Наврӯз-2019”
“Коваи оҳангар”
«Шӯриши Восеъ»
Дарси Маҳоратӣ
Артиши Миллӣ
«Этно – Ҷаз»
Мастер-класс солфедҷо

консертҳо

Модар-ҳусни замин ва олиҳаи зебоист

Зан – модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, садоқату самимият, файзу баракат, хосса зинати умри инсон ва нахусти омӯзгори башарият дар зиндагист. Таваҷҷуҳи  пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ба тасвиб расидани силсилаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таъсиси мақоми махсуси назоратбаранда дар самтҳои роҳбарикунии бонувон роҳандозӣ шуд.

      Имрӯз, 7 марти соли 2019, соати 14:00 дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба рӯзи модарон чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ректор, ноибони ректор, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорону кормандони соҳаи санъати мусиқӣ гузаронида шуд. Барномаи омоданамудаи омӯзгорону донишҷӯён дар васфи “Модар-ҳусни замин ва олиҳаи зебоист” суруда шуд, ки писанди аҳли ҳозирин гардид.