Ҷашни “Наврӯз-2019”
“Коваи оҳангар”
«Шӯриши Восеъ»
Дарси Маҳоратӣ
Артиши Миллӣ
«Этно – Ҷаз»
Мастер-класс солфедҷо

консертҳо

Консерти идонавӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

  Ватан-ин ҳамон қаламравест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон шеър хондаанд, шодиву нишот намуданд. Ватан ин ҳамон сарзаминест, ки дар қолини сабзи махмалинаш мо фарзандонаш ғалтидаву хеста ба воя расидаем.

  Зери ин мафҳум рӯзи 22 феврали соли 2019 соати 15:00 дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертии идона баргузор гардид. Дар чорабинии идона ноибони ректор, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва кормандони соҳаи мусиқӣ иштирок намуданд. Барномаи консертӣ омоданамудаи омӯзгорону донишҷӯён саршор аз ватану ватандӯсӣ буда, хотири аҳли нишастро шод намуданд.