Ҷашни “Наврӯз-2019”
“Коваи оҳангар”
«Шӯриши Восеъ»
Дарси Маҳоратӣ
Артиши Миллӣ
«Этно – Ҷаз»
Мастер-класс солфедҷо

КОФЕРЕНСИЯ ВА СЕМИНАРҲО

Вохӯрии омӯзгорон ва ҳайати кормандони консерватория бо намояандагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

  Рӯзи 15 феврали соли 2019 соати 10:00 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо иштироки ноиби ректор Каримов С. С ва деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, оӯзгорон ва ҳайати кормандон дар Толори хурд вохӯрӣ бо намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Одиназода Абдулазиз мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот, Мирханов Отабек мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилоот вохӯрӣ гузаронида шуд.

Супоридани Дипломи унвонҳои илмӣ

 Рӯзи 27 декабри соли 2018 соати 9:30 дар Толори Шурои олимони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо иштироки ректор, ноибони ректор, деканҳои факултетҳо ва омӯзгорон аз ҷониби раиси олии комиссияи атестатсионӣ Ашуралиев А. ба омӯзгорони консерватория Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ёқубов Қурбоналӣ Дипломи дотсентӣ, бо тантана супорида шуд.

Ҳисоботи солонаи ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Азизӣ Ф. А. дар соли 2018

  Рӯзи 29 декабри соли 2018 дар Толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ҳисоботи солонаи ректор Азизӣ Ф. А. баргузор гардид. Дар рафти гузориш Азизӣ Ф. А. тамоми масъалаҳои солонаи фаъолияти консерваторияро мавриди суханронӣ қарор доданд.Пешниҳод намуданд, ки барномаҳои консертии факултетҳо аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯён бозҳам зиёд карда шаванд.Ва рафти таълиму тарбия бозҳам ҷоннок карда шавад ва маҳфилҳои ғазалхонӣ аз ҷониби донишҷӯён бештар сурат гиранд.Фаъолияти эҷодии омӯзгорон зиёд карда шавад,мақолаҳои илмӣ аз ҷониби кормандон пешниҳод карда шаванд ва дар 3 сол як маротиба кормандон бояд аз курси ихтисос гузаранд.

Вохӯрии омӯзгорон бо намояндагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд. Ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.

“Услубҳои иҷроиши кори илмӣ-тадқиқотӣ

Санаи 28-уми соли 2018 семинари илмӣ-методӣ “Услубҳои иҷроиши кори илмӣ-тадқиқотӣ” баргузор гардид.

“Натиҷагирии экспедитсияи этнографии соли 2017”

 Санаи 27-уми соли 2018, чорабиниҳои илмӣ-амалӣ, “Натиҷагирии экспедитсияи этнографии соли 2017” баргузор гардид.

Конференсияи илмӣ-амалии донишҷӯёну аспирантон

 Санаи 26-уми апрел соли 2018, конференсияи илмӣ-амалии донишҷӯёну аспирантон баргузор гардид. Дар он донишҷӯён ва аспирантон корҳои таҳқиқоти илмии худро пешниҳод намуданд.