Ҷашни “Наврӯз-2019”
“Коваи оҳангар”
«Шӯриши Восеъ»
Дарси Маҳоратӣ
Артиши Миллӣ
«Этно – Ҷаз»
Мастер-класс солфедҷо

Нишасти Матбуотӣ

Нишасти матбуотӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов

    Рӯзи 6 феврал дар Толори Шӯрои олимони бинои марказии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни консерватория ва беш аз 11 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио  ва нашрияҳои  ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

      Нахуст ноиби ректор оид ба таълим и. в. дотсент Каримов С. С. роҷеъ ба фаъолияти  як соли Консерватория миллии Тоҷикистон мухтасар суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки соли 2018 барои ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни консерватория соли бобарор ва хотирмон ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ соли дастовардҳо дониста мешавад. Ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни консерватория дар таҷлили  санаҳои таърихию фарҳангӣ  фаъолона ширкат варзида, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи корҳои таълимию методӣ ва илмию тарбиявии консерватория саҳми намоён гузоштаанд.

 Инчунин зикр шуд, ки дар соли 2018 аз ҷониби профессорону омӯзгорони консерватория 19 мақолаи илмӣ чоп шудааст, ки 9-тои он дар маҷалаҳои тақризшавандаи илмии Федератсияи Россия ва Тоҷикистон нашр гардидаанд.Дар нишасти матбуотии Консерваторияи миллии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои ахбори омма суолҳои худро пешниҳод намуданд ва ноиби ректор Каримов С.С. баонҳо ҷавобҳои мушаххас, равшану аниқ доданд.

     Ҳамин тавр рӯзноманигорон доир ба ҷараёни таҳсил, имкониятҳои омӯзгорону донишҷӯён, таҳсил дар риштаи магистрӣ, дар назди консерватория амалкунанда, робитаҳои илмию таълимии консерватория бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигар, ҷараёни қабули имтиҳонҳо тариқи тест ва амсоли он суолу ҷавоб сурат гирифт.