Ҷашни “Наврӯз-2019”
“Коваи оҳангар”
«Шӯриши Восеъ»
Дарси Маҳоратӣ
Артиши Миллӣ
«Этно – Ҷаз»
Мастер-класс солфедҷо

Нишасти Матбуотӣ

Нишасти матбуотӣ

      Санаи 6 феврали соли 2018 дар Толори хурди консерватория нишасти матбуотӣ оид ба “Фаъолияти Консерваторияи миллии Тоҷикситон ба номи Т. Сатторов дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018” баргузор гардид, ки дар он ректори консерватория Азизӣ Ф. А. суханронӣ намуданд. Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011,  таҳти рақами №АП-1729  қабул шудааст, баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма аз радиову телевизион ва матбуоти ҷумҳурӣ ширкат намудаанд. Натиҷаи нишасти матбуотӣ дар шабакаҳои «Телевизиони Сафина», «Телевизиони Душанбе», рӯзномаҳои «Тоҷикистон», «Садои мардум», «Народная газета», «Баҳори аҷам» ва ғайра инъикос гардид.