Ҷашни “Наврӯз-2019”
“Коваи оҳангар”
«Шӯриши Восеъ»
Дарси Маҳоратӣ
Артиши Миллӣ
«Этно – Ҷаз»
Мастер-класс солфедҷо

Сафарҳои ҳунари

Дарси маҳорат бо Ҳунармандони соҳаи мусиқӣ дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон

Аз 18 январ то 21 январи соли 2019 тибқи нақшаи Маркази мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд дар Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон дарси маҳорат ва эҷодӣ баргузор гардид, ки аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов устоди соҳаи Шашмақом, иҷрокунандаи вазифаи дотсент Иброҳимзода Хуршед иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд.

Санаи 19 январ дар Толори консерваторияи Ӯзбекистон бо иштироки устодони соҳаи санъати мусиқии суннатӣ Матлуба Дадабоева, Исроилҷон Ваҳобов ва Аҳмадҷон Дадабоев ва Хуршед Иброҳимзода оид ба сохтору оҳангҳо, пардаҳо ва вазнҳои шеърии Шашмақом суханронӣ намуданд.

Ҳамин тавр дар бораи силсилаасарҳои навэҷодшуда, ки аз ҷониби ҳунармандони Академияи мақом дар пардаҳои гуногуни Шашмақом коркард шудааст, ба аҳли толор пешниҳод шуд. Х. Иброҳимзода порчае аз силсилаи савти Ушшоқро таҳлил намуда, сохтор, оҳанг ва вазнҳои шеъриашро ба аҳли нишаст расонид.

Рӯзи 20 январ дар шабакаи телевизиони “Навои” Ӯзбекистон бо ҳамроҳии навозандагони Ансамбли мақоми Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Ҳунарманди халқӣ – Абдуҳошим Исмоилов ва ҳунармандону устодони Ансамбли мақоми Ӯзбекистон Фазилат Ахмедова ва Хуршед Иброҳимзода якчанд сурудҳои Шашмақом ва оҳангҳои устодони санъат аз ҷумла аз эҷодиёти Барно Исоқова, Таваккал Қодиров бо номи “Фурӯғи савти Ушшоқ” ғазали Нақибхон Туғрал аз мақоми “Рост” ва “Бозоргонӣ” оҳанги Ҳоҷӣ Абдулазиз Расуловро пешкаш намуданд.

Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур барои мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду кишвари ҳамҷавор доир шудааст.