Ҷашни “Наврӯз-2019”
“Коваи оҳангар”
«Шӯриши Восеъ»
Дарси Маҳоратӣ
Артиши Миллӣ
«Этно – Ҷаз»
Мастер-класс солфедҷо

Талабхӯҷа Сатторов

 Талабхӯҷа Сатторов
(12.10.1953 – 10.04.2007)

    Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1998  –2001), якумин ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2003 – 2007),композитор,  профессор, лауреати Ҷоизаидавлатии ба  номи  Абуабдуллоҳи
Рӯдакӣ, профессори  фахрии Консерваторияи миллии Қирғизистон.

 Солҳои 1984-1986 дар ассистентура-коромӯзии Консерваторияии давлатии Москва ба номи П. И. Чайковский таҳсил кардааст. Т. Сатторов дар ҷавонӣ истеъдоди гуногунпаҳлӯ дошт. Иштиёқи бузург нисбат ба расмкашӣ, гаҷкорӣ, коркарди санг ӯро соли 1970 ба шуъбаи меъмории Институти политехникии Тоҷикистон овард. Баъди се соли таҳсил, бинобар бад шудани қобилияти биноӣ вай ноилоҷ – таҳсилро қать менамояд. Аз соли 1971 то соли 1973 вай дар театри мусиқӣ-драмавии ба номи С. Вализодаи ш. Кӯлоб ба ҳайси навозанда кор мекунад. Ба ғайр аз навохтани рубоб ва тор дар ин ҷо Т. Сатторов аввалин кӯшишҳои эҷодиро дар офаридани мусиқии асил анҷом медиҳад. Ин таҷрибаҳо аз назар ноаён намонданд. Композитор Д. Дӯстмуҳаммадов, ки барои қабули спектакл аз ш. Душанбе омада буд, ӯро ба таҳсил, ба омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанбе тавсия медиҳад. Ин тақдир ояндаи навозандаи ҷавонро муайян месозад.
Соли 1973 вай ба шуъбаи вокалии (бинобар мавҷуд набудани тайёрии махсуси мусиқӣ) омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанбе дохил шуда, пас аз як сол ба шуъбаи назариявӣ мегузарад. Аз рӯзҳои аввалин дар омӯзишгоҳ таҳти роҳбарии Д. Дӯстмуҳаммадов ба омӯзиши композитсия сар мекунад. Устодон кӯшишоти ӯро ҳамчун қадамҳои устувор дар аз худ кардани мусиқии касбӣ баҳогузорӣ мекунанд: ӯ аллакай асарҳои созӣ, суруду романсҳо эҷод мекунад. Аввалин асари бузург – «Достон» барои оркестри симфониро Т. Сатторов дар соли охири таҳсили омӯзишгоҳ ҳангоми таълими композитсия дар синфи Аъзам Солиев эҷод кардааст.    Баъд аз хатми Консерваторияи давлатии Москва (1983) (синфи профессор М. Чулаки) Т. Саторов бо асарҳои гуногун жанри худ ба Тоҷикистон баргашт. Аз ҷумла, квартети торӣ, силсилаи вокалии «Ғазалҳо» бар ашъори Ҳофиз ва Сайидо, Пассакалия ва Токката барои оркести симфонӣ, соната барои скрипка ва фортепиано, «Достони рангҳо», барои оркестри симфонӣ, миниатюраҳои фортепианӣ, романсҳо ва коркардҳои оҳангҳои халқӣ.
Асарҳои муаллифи ҷавон дар пленумҳои раёсати Иттифоқи композиторони СССР бомувафақият иҷро карда мешаванд. Асарҳои ӯ, ба монанди симфонияи якқисма, сюита барои ду фортепиано бо оркестр, консерт барои оркестри торӣ, фортепиано ва созҳои зарбӣ, якчанд хор, сурудҳо ва бисёр дигарҳо дар барномаҳои консертҳои ҷумҳуриявӣ садо дода, бо комёбиҳо ноил мегарданд. Соли 1985 Т. Сатторов дар Фестивали XII умимиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён иштирок намуд, ки дар он “Соната”- и ӯ барои скрипка ва фортепиано бомуваффақият иҷро гардид. Композитор бо дипломи фестивал сарфароз гардонида шуд. Симфонияи якуми Т. Сатторов сазовори ҷоизаи дуюми Озмуни умумииттифоқии донишҷӯён – композиторон ва аспирантони донишкадаҳои олии мусиқии мамлакат бахшида ба 40 – солагии Ғалабаи халқи шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гардид.Аз солҳои 1990 – 2007 Т. Сатторов роҳбари муассисаҳои гуногуни давлатии соҳаи фарҳангу ҳунар буд: роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода. Соли 2003 орзуи ӯ ва бисёр устодони санъати мусиқӣ ҷомаи амал пӯшид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро оид ба таъсиси Консерватория дастгирӣ намуд. Барои расидан ба ин мақсад Т. Сатторов корҳои зиёдеро анҷом додааст. Аз ин рӯ – ӯ якумин ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъин гардид. Бисёр орзуву умедҳо ва нақшаҳои ӯ бо консерватория алоқаманд буданд. Ӯ моҳияти мушкилоти тарбияи кадрҳо дар соҳаи мусиқии касбиро ба хубӣ дарк мекард ва пайваста фаъолияти мақсаднок мебурд.
Эҷодиёти мусиқии Талабхуҷа Сатторов аз нигоҳи шакл, намуд, жанр, симои бадеӣ гуногун аст. Дар он ҳам ҷанбаи нозуки лирикӣ – равонӣ ва ҳам тараннуми мутантани набзи ҳаёти бунёдкоронаи Тоҷикистони имрӯза ҷило медиҳанд. Асарҳои ӯ саршор аз нерӯ, хушбинӣ – умеду боварӣ ба оянда буда, инъикоси равшани марҳилаи сарнавиштсози таърихи Тоҷикистон, марҳилае, ки бояд нерӯҳои маънавӣ, бадеӣ ва зеҳнии миллатро баҳри бунёди Тоҷикистони наву шукуфон сарҷамъу муттаҳид созад, мебошад.
Мавзӯи Ватан дар эҷодиёти Т. Сатторов мавзӯи асосӣ аст. Ин мавзӯи асосии чандин асарҳои солҳои 80 – 90 – уми асри XX буд: симфонияи №1 барои оркестри калони симфонӣ (1984), Консерт барои фортепано созҳои торӣ, арфа ва зарбӣ (1986), оратория – балет «Далекие голоса» (1988), Соната барои фортепиано (1990), суруд барои сароянда, хор ва оркестри «Ҷон, Тоҷикистон» (1996), кантата барои сароянда, хор ва оркестри симфонӣ «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» (1998), суруд барои сароянда ва хори омехта «Нолаи кӯҳистон» (1998), операи «Рустам ва Сӯҳроб» (1999), Прелюдияи мутантан барои оркестри симфонӣ «Оҳанги ифтихорӣ» (1999), манзараи симфонии «Эҳъё» (1999), Баллада барои квартети торӣ «Андӯҳ» (2000), суруд барои хор бо оркестр «Тоҷикистони мо» (2001) ва ғайраҳо мебошанд.
Яке аз охирин асарҳои бевосита ба инъикоси мавзӯи Ватан алоқаманд, силсилаи осори вокалии «Таронаи Ватан» гардид. Силсилаи мазкур аз 6 асар иборат аст: сурудҳо ва кантатаҳо барои сарояндагон, хор ва оркестри симфонӣ. Ҳар кадоме аз ин асарҳо ватанпарастӣ, рӯҳияи хушбинӣ, фарогирии нерӯю иродаи бунёдкорона баҳри ваҳдати халқ, муттаҳидсозии ҷаҳду талошҳо баҳри иҷрои вазифаи гуногуни ҷомеа ҷиҳати таҳкиму рушди давлатдории тоҷикон дар замони муосир тарғиб месозанд. Далели ин гуфтаҳо иҷрои чандинбораи силсилаи мазкур дар ҷашнвораҳову консертҳои сершумор мебошад, ки ин шаҳодати замонавӣ будани он, муҳимияти ғоя ва мазмуни бадеиест, ки асар ба сомеон мерасонад. Махсус зикр менамоем, ки аслан дар ҳар як чорабинии бузурги сатҳи миллӣ ин асарҳо на танҳо ба барномаҳои консертӣ ворид мегарданд, балки дар хотимаи чорабинии калони мушаххас иҷро гардида, ҳамин тариқ идеяи асосии ин анҷуманҳоро таҷассум менамоянд.

         Асарҳои мунтахаб

Асарҳои саҳнавӣ:

1988 – «Фарёди дуриҳо», оратория – балет, либреттои Т. Сатторов шеъри халқ, М. Қаноат ва А. Муродӣ.

1999 – «Рустам ва Сӯҳроб», опера иборат аз 3 парда, 9 намоиш бо эпилог, либреттои Н. Қосим.

Асарҳои симфонӣ

1984 – Симфонияи №1 барои оркестри калони симфонӣ.

1984 – «Рапсодия», барои 2 фортепиано ва оркестри симфонӣ.

1987 – «Рапсодияи шодиёна», барои оркестри симфонӣ.

1987 – «Идона», барои 2 фертепиано бо оркестр.

1988 – «Пассакалия ва токката», барои откестри симфонӣ.

1995 – «Бонги зафар», увертюра барои оркестри симфонӣ.

1999 – «Навои ифтихор», прелюдияи тантанавӣ барои оркестри симфонӣ.

1999 – «Заминларза», барои оркестри симфонӣ.

1999 – «Эҳё», барои оркестри симфонӣ.

Асарҳои камеравӣ – созӣ:

1981 – Квартети торӣ №1.

1981 – «Ғазалҳо», силсилаи вокалӣ барои баритон ва ансамбли камеравӣ, бар ашъори Ҳофиз ва Сайидо.

1982 – Ду прелюдия барои скрипка ва фортепиано

1983 – Соната барои скрипка ва фортепиано.

1985 – Прелюдия ва соната.

1985 – Квартети торӣ №2.

1986 – Консерт барои фортепиано, оркестри торӣ, арфа ва созҳои зарбӣ.

1988 – «Савти Наврӯзӣ», пиесаҳои консертӣ барои ансамбли скрипканавозон ва фортепиано.

1998 – Се пиеса барои гобой ва фортепиано: «Маҷнунбед», «Алла», Ҳаҷвия».

1989 – «Навои шомгоҳӣ, «Тарабобод», пиесаҳои консертӣ барои рубоби бас ва фортепиано.

1990 – «Базморо», сюита барои оркестри камеравӣ.

1990 – Соната барои фортепиано.

1990 – «Ошкоро» – композитсия барои синтезатор ва виолончел.

1991 – Консерт барои рубоби бас ва оркестри камеравӣ.

1991 – Панҷ прелюдия барои фортепиано.

1993 – «Достони рӯъёҳо» (Фантазия) барои скрипка (ғиҷҷак) ва оркестри камеравӣ.

1997 – Фантазия барои ансамбли чангнавозон ва фортепиано.

1998 – «Насими анбарафшон», пиеса барои ансамбли рубобнавозон ва фортепиано.            

1999 – «Рақси аскарон», пиесаи консертӣ барои ансамбли скрипканавозон ва фортепиано.

2000 – «Андӯҳ» – баллада барои квартети торӣ.

Мусиқӣ ба намоишномаҳои театрӣ:

1985 – «Чорсӯ», пиесаи Н. Табаров.

1986 – «Бемби», пиесаи Ф. Золтен.

1987 – «Зоғ», пиесаи К. Гештӣ.

1987 – «Исёни Лоҳутӣ», пиесаи А. Атобоев.

1988 – «Йигити рабудашуда», мазҳакаи И. Поташева.

1989 – «Фишор», драммаи мусиқии С. Аюбӣ.

1990 – «Антигона», пиесаи Ж. Ануӣ.

1991 – «Афсонаҳои мӯйсафед», пиесаи Н. Абдуллоев.

1994 – «Ромео ва Ҷулиетта», пиесаи У. Шекспир.

1996 – «Мағлубшавии Чамбули Мастон», пиесаи С. Аюбӣ.

1998 – «Дар киштии ғарқшудаистода», пиесаи Ҷ. Қуддус.

2001 – «Паёми Зардушт», пиесаи Н. Табаров.

Мусиқӣ ба филмҳо:

1990 – «Хоби воқеӣ», филми бадеӣ, коргардон С. Ҳақдодов.

1992 – «Ситораҳои сари танӯр», филми бадеӣ, коргардон С. Раҳимов.

1992 – «Дав», филми мустанад, коргардон С. Ҳақдодов.

Асарҳои хорӣ, романсҳо, сурудҳо ва такмили сурудҳои халқӣ:

1978 – «Оғӯши Явроз».

1978 – «Сурудам бол дорад».

1978 – «Эй рӯд», шеъри Г. Сафарзода.

1982 – «Бароям гиря кун», шеъри И. Хатлонӣ.

1982 – «Шабҳои хуршедӣ», шеъри И. Хатлонӣ.

1983 – «Таронаи Ватан», шеъри Гулрухсор.

1983 – «Шаб гузашт», шеъри Гулрухсор

1983 – «Ишқи ман», шеъри Гулрухсор.

1984 – «Даме дарё бишав», шеъри Н. Қосим.

1984 – «Муҳаббат», шеъри Н. Қосим.

1984 – «Ҷавонӣ», шеъри И. Хатлонӣ.

1984 – «Душанбе», шеъри Н. Қосим.

1984 – «Ту гули шукуфтарӯӣ», шеъри Лоиқ.

1984 – «Ситораҳо», шеъри Б. Собир.

1984 – « Садбарги сафед», шеъри С. Маъмур.

1984 – «Дилбари тоҷик», шеъри С. Маъмур.

1985 – «Борон шавам», такмили суруди халқӣ барои овоз ва фортепиано.

1985 – «Дарё, ки калон шавад», такмили суруди халқӣ барои хори омехта.

1985 – «Зиндагӣ», шеъри У. Шарифзода.

1985 – «Комсомол», шеъри У. Шарифзода.

1986 – «Баҳорон», шеъри Рафоат.

1986 – «Турнаҳо», шеъри К. Насрулло.

1986 – «Ба ту ман мӯҳтоҷам», шеъри Ҷ. Каримзода.

1986 – «Роз», дуэт, шеъри Ҷ. Каримзода.

1986 – «Ишқи синасӯз», шеъри Лоиқ.

1987 – «Кабӯтари ман», шеъри У. Раҷаб.

1988 – «Шоми Душанбе», шеъри А. Муродӣ.

1988 – «Суроғам кун», шеъри А. Муродӣ.

1988 – «Иттиҳод», шеъри А. Муродӣ.

1988 – «Ёди кӯҳсор», шеъри А. Муродӣ.

1988 – «Табассуми субҳ», шеъри М. Фарҳат.

1989 – «Духтарчаи дойрадаст», шеъри Н. Боир.

1989 – «Меравам», шеъри Н. Алимуҳаммадова.

1990 – «Чанор», романс барои овоз ва фортепиано.

1991 – «Дар хаёл омад», шеъри А. Ҷомӣ, сюита барои яккахон, хор ва оркестри камеравӣ.

1992 – «Нигоҳ кун», шеъри Ф. Фаррухзод.

1992 – «Бобоям омад», шеъри Г. Сулаймонова.

1992 – «Ахтарони ҷовидон», шеъри Гулрухсор, суруд барои хор ва оркестри симфонӣ.

1993 – «Рез борон», шеъри Б. Собир, суруд барои  хори занона ва оркестри камеравӣ.

1993 – «Рубоб», шеъри Ҷ. Файзулло. Суруд барои яккахон, хор ва оркестри камеравӣ.

1993 – «О дили дил», такмили сурудҳои халқии тоҷикӣ барои яккахон ва хори омехта.

1994 – «Субҳи фирӯз», шеъри М. Фарҳат, суруд барои хори бачагона ва фортепиано.

1995 – «Гули бодом», шеъри М. Қаноат, баллада барои овоз бо оркестр.

1995 – «Арсаи ваҳдат», шеъри С. Аюбӣ, суруд барои хор бо оркестр.

1996 – «Ҷони мо», эй Тоҷикистон, шеъри Н. Қосим, суруд барои яккахон, хор ва оркестр.

1996  –  «Ҷаҳони тоҷикон», шеъри Н. Қосим, кантатаи якқисма барои яккахон, хор ва оркестри симфонӣ.

1996 – «Рақси гулҳо», шеъри С. Хатлонӣ, суруд барои яккахон, хори занона ва оркестр.

1997 – «Ҳамду сано ба санъат», шеъри С. Аюбӣ, суруд барои хор ва оркестри симфонӣ.

1998 – «Бӯи ҷӯйи Мӯлиён», шеъри Рӯдакӣ ва С. Аюбӣ, кантата барои яккахон, хор ва оркестри симфонӣ.

1998 – «Нолаҳо аз ёлаҳо», суруд барои яккахон ва хори омехта.

1998 – «Суруди Душанбе», шеъри Лоиқ, суруд барои яккахон, хор ва оркестр.

1998 – «Эй шаҳри ман», шеъри С. Хатлонӣ, суруд барои яккахон, хор ва оркестр.

1999  –  «Самои бахт», шеъри С. Хатлонӣ, кантата барои хор ва оркестри симфонӣ.

2000 – «Меравӣ, асри куҳан», шеъри Гулназар.

2000 – «Марҳабо, асри навин», шеъри Гулназар.

2001 – «Ҷашни истиқлол», шеъри М. Ғоиб, суруд барои хор бо оркестр.

2001 – «Тоҷикистони мо», қасидаи мутантан барои хор бо оркестр.

2002 – «Азизи ман», шеъри К. Олимӣ, суруд барои яккахон бо оркестр.

2005 – «Таронаи Ватан», шеърҳои М. Ғоиб, Г. Келдӣ, Н. Қосим ва С. Хатлонӣ барои сарояндагон, хор ва оркестри симфонӣ