Ҷашни “Наврӯз-2019”
“Коваи оҳангар”
«Шӯриши Восеъ»
Дарси Маҳоратӣ
Артиши Миллӣ
«Этно – Ҷаз»
Мастер-класс солфедҷо

Азизӣ Фароғат

 Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода

  Мусиқишинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ, доктори Академияи илмии байналмилалии «Antique World», лауреати Ҷоизаи Академияи илмии байналмилалии «Antique World», лауреати Ҷоизаи байналмилалии «ECО Awards», Арбоби ҳунари Тоҷикистон.

    Дар озмуни лоиҳаҳои байни университетии ҷаҳонӣ (Венгрия, Будапешт, 2002) ғолиб баромада, соли 2003 дар шаш донишгоҳҳои ИМА, соли 2004 дар мактабҳои суннатию классикии Ҳиндустон доир ба этнографияи мусиқӣ ва методикаҳои суннатӣ коромӯзӣ кардааст. Соли 2009 дар Консерватория (академия)-и давлатии ш.Новосибирски ба номи М. И. Глинка рисолаи доктории «Мақом ва Фалак ҳамчун падидаҳои касбии эҷодиёти мусиқии суннатии тоҷик» дифоъ намудааст. Дар ҷодаи илмӣ-тадқиқотӣ 25 экспедитсияи фолклории ватанӣ ва байналмилалиро гузаронидааст.


      Азизӣ Ф. А. соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ аст. Азизӣ Ф. А. аз соли 2007, инчунин доктори Академияи илмии байналмилаии «Antique World» (Афина, Юнон) мебошад.
   Азизӣ Ф. А. аз соли 1981 фаъолияти кориашро дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳайси омӯзгор оғоз намуда, дар вазифаҳои мудири кафедраи мусиқии Шарқ, мудири кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Шарқ, ходими калони илмии АИ ҶТ, дотсенти кафедраи фарҳангшиносии Донишгоҳи Тоҷикистон-Русия (славянӣ), нахустин ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои байналмилалии Консерваторияи миллии Тоҷикистон, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, ҳамзамон профессори кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов кор кардааст. Аз 6 декабри соли 2013 дар вазифаи ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолият карда истодааст.


     Соли 2007 барои нахустин бор (баъди вафоти муаллиф – Фазлиддин Шаҳобов) барои бо тавзеҳоти илмӣ аз чоп баровардани ягона рисолаи Шашмақом давраи шӯравӣ, Азизӣ Ф. А. сазовори ҷоизаи байналмилалии Лауреати Академияи илмии байналмилалии «Antique World» гардид.
Соли 2010 барои кашфиёти бузург дар омӯзиши Фалак Азизӣ Ф. А. сазовори ҷоизаи дуюми байналмилалӣ «ECО Awards» гардид.
Азизӣ Ф. А. нахустин ва то ҳол ягона нафарест, ки дар замонҳои шӯравӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия рисолаи докторӣ дар ҷодаи мусиқишиносӣ дифоъ намудааст.

 Асарҳои илмӣ


1. Маком и фалак как явления профессионального традиционного музыкального творчества таджиков Монография, Душанбе, «Адиб», 2009.- 398с.

2. Фалакхонӣ – (бо ҳаммуаллифии С. С. Каримов) Барномаи таълимӣ барои аспирантураи эҷодӣ. – Душанбе 2015. – 25с.

3. Шашмаком и рага. Краткий компаративистский анализ Монография, Душанбе, 1999, -166 с.

4. Falak: Spiritual Songs of the Mountain Tajiks. / Music of Central Asia: An Introduction. 2011, pp. 240 – 252.

 

5. Фазлиддин Шаҳобов. Баёзи Шашмақом. Рисолаи илмӣ. Мураттиб ва муаллифи тавзеҳоти илмӣ Фароғат Азизӣ. Нашри аввал, Душанбе, ЭМТ, 2008, 288 с.; Нашри дуюм // Фазлиддин Шаҳобов. Осор ва пажӯҳиш, Ҷ. 1, Баёзи Шашмақом, 2011, 288 с.

6. Вклад Абуабдуллоха Рудаки в историческое развитие традиционной таджикской музыки –Ираннаме – Алматы. – 2010, №1 (9) – С. 132 – 141.

7. Оҳанги кӯҳистони тоҷик. Маҷ. банотагирифтаи оҳангҳои халқӣ. Дар ҳаммуаллифӣ бо Ф. М. Кароматов Ф. М., Ҷ. 1, Душанбе, 2002 – 71 с.

8.Услубҳои суннатии омӯзиш: пажӯҳиш ва истифода. Монография. (Дар ҳаммуаллифӣ бо С. С. Каримов). – Душанбе: «Адаб». – 2013. 92с
Муаллифи беш аз 150 мақолаҳои илмӣ, 3 номинатсияи шоҳкорӣ ва объекти мероси маънавии тоҷикон (дар ЮНЕСКО), муаллифи 7 барномаи давлатӣ аст.