Ҷашни “Наврӯз-2019”
“Коваи оҳангар”
«Шӯриши Восеъ»
Дарси Маҳоратӣ
Артиши Миллӣ
«Этно – Ҷаз»
Мастер-класс солфедҷо

ФЕСТИВАЛҲО

VI Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз»

Аз 26-28 апрели соли 2019, дар Толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов VI-умин Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз» баргузор шуд, ки дар доираи он дарсҳои сайқали маҳорат (мастер-класс) ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Этно – Ҷаз» доир гашт.

V Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз»

30 апрели 2017 дар Толори калони консерватория V -умин Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз», ки дар он ҳунармандон аз мамлакатҳои Фаронса, Австрия, Швейтсария, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Олмон, инчунин гурӯҳҳои машҳури тоҷик аз ҷумла «Дилнавоз», «Бахтиёр», «Руё», «Бахт», «Даҷ», «Хоруғ»,«Дю» ва ҳунармандон ба мисли Ҷаннат Ҳусейнзода, Парвин Юсуфӣ баромад карданд.

IV Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз»

15, 16, 17 ва 18 майи 2014 дар Толори калони консерватория IV – умин Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз» дар ш.Душанбе, дар доираи он 4 консерти гала, 9 дарсҳои маҳоратӣ ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷаҳони Ҷаз» баррасӣ шуда, ҳунармандон аз мамлакатҳои Фаронса, ИМА, Австрия, Русия, Қирғизистон, Олмон, Қазоқистон, инчунин гурӯҳҳои машҳури тоҷик «Авесто», «Даҷ», «Бахт», «Эсхата», «Up the line», «Чарх», «Орзу», ва «Мизроб» ҳунарнамоӣ карданд.

III Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз»

27, 28, 29 апрел 2012 дар Толори калони консерватория III – умин Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз» дар ш.Душанбе, дар доираи он 2 консерти гала, 4 дарсҳои маҳоратӣ ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди санъати ҷаз дар ҷумҳурӣ», баррасӣ шуда, ҳунармандон аз мамлакатҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон инчунин гурӯҳҳои машҳури тоҷик аз ҷумла «Авесто», «Пайванд», «Даҷ», «Мизроб» баромад карданд.

II Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз»

30 апрел ва 1, 2, 3 майи 2010 дар Толори калони консерватория II – умин Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз» дар ш.Душанбе, дар доираи он 3 консерти гала, 2 дарсҳои маҳоратӣ ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Этно – Ҷаз» баррасӣ шуда, ҳунармандон аз мамлакатҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, инчунин гурӯҳҳои машҳури тоҷик «Авесто», «Даҷ» ва «Мизроб» ҳунарнамоӣ карданд.

I Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз»

30 апрел ва 1, 2, 3 майи 2009 дар Толори калони консерватория I – умин Фестивали байналмилалии «Этно – Ҷаз» дар ш.Душанбе, дар доираи он 2 консерти гала, 3 дарсҳои маҳоратӣ ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Этно – Ҷаз» баррасӣ шуда, ҳунармандон аз мамлакатҳои Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, инчунин гурӯҳҳои машҳури тоҷик «Авесто» ва «Мизроб» баромад карданд.