Вохурии устодону донишҷӯён бо олимону коршиносон дар Толори калони консерватория.

      Рӯзи 4 сентябри соли 2020 дар Толори калони консертии консерватория вохӯрии устодону донишҷӯён бо олимону коршиносон баргузор гардид. Сараввал ноиби ректор оид ба таълим Каримзода С. С. меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба аҳли толор шинос намуд. Дар вохӯрӣ вобаста ба иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ширкати фаъолона дар маъракаи интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, сафарбарии дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихобот суҳбати озод доир гашт. Меҳмонон бо чунин маърӯзаҳо баромад намуданд:

  • 1. Ҷӯраев Азимҷон - коршиноси комиссияи маркази интихоботӣ ва райпурсии ҶТ “Интихобот ҳамчун падидаи ҷомеаи демократӣ”.
  • 2. Абдураҳим Исмоилов – намояндаи РВКД дар шаҳри Душанбе “Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва нақши ҷавонон дар он”.
  • 3. Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ - сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе “Худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон омили таҳкими субот дар ҷомеа”.
  • 4. Маҳмудов Изатулло Тешаевич - мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “Илму маърифат асоси муқоввимат бо терроризму экстремизм ва ифротгароӣ” .