Латифзода Диловар шахсиятест, ки тамоми ҳаёти худро сарфи илм намудааст. E соли 1961 барои таҳсил ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Душанбе ба синфи 1-ум қадам ниҳода, соли 1971 мактаби номбурдаро бо муввафақият хатм намудааст. Ҳамон сол ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дохил шуда онро соли 1975 бо ихтисоси корманди маданию маърифатӣ, роҳбари оркестри асбобҳои халқии ҳаваскор (бо дипломи аъло) хатм кардааст. Баъд аз хатми донишкада соли 1980 ба аспирантураи Донишкадаи давлатии фарҳанги ш. Ленинград ба номи Н.К.Крупская дохил шуда, соли 1983 дар мавзӯи: «Тарбияи интернатсионалии коргарҷавонон тавассути фаъолияти маданию маърифатӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ ӯ дар донишкадаи давлатии санъат аввал дар вазифаи саромӯзгор, мудири кафедраи корҳои маданию маърифатӣ, декани ҳамин факулта ва аз соли 1995 тӯли 12 - сол дар вазифаи ноиби ректори донишкада оид ба илм фаъолият кардааст.

      Соли 2001 дар ш. Санкт-Петербург дар мавзӯи: «Асосҳои иҷтимоӣ- педагогии ташаккули фарҳанги этникии ҷавонон (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» яке аз аввалинҳо шуда доир ба ихтисоси 13.00.05- «Назария, методика ва ташкили фаъолияти иҷтимоӣ - фарҳангӣ» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Барои донишҷӯёни донишкадаи давлатии санъати Тоҷистон ба номи Мирзо Турсунзода дар давоми фаъолияти кориаш се воситаи таълимӣ таҳти унвони «Нақши муассисаҳои маданию маърифатӣ дар тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон», «Кори маданию маърифтӣ ва нақши он дар тарбияи интернатсионалии ҷавонон», «Эҷодиёти мардумӣ – асоси фарҳанги этникӣ» ва чор монография: «Клуб ва тарбияи интернатсионалии ҷавонон», «Тарбияи донишҷуён дар рӯҳи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ», «Таҳсилоти этникӣ ва ваҳдати миллӣ», «Тарбияи ватандӯстон» таҳия намуда аз чоп баровардааст. Рисолаи илмии Д. Латифзодаро дар мавзӯи «Этнокультурное образование и национальное единство» Академияи таҳсилоти Тоҷикистони Вазорати маорифи Ҷуҳурии Тоҷикистон аз чоп баровардааст.

      Фаъолияти илмиву таҳқиқотии Латифзода Диловар Назришоҳ хеле пурсамар аст. Ӯ зиёда аз саду панҷоҳ мақолаи илмӣ ва таълимӣ - методӣ нашр кардааст. Дар симпозиум ва конфронсҳои байналмилалӣ дар Кореяи Ҷанубӣ (солҳои 2014 ва 2016), шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, Қазон, Брянск, Астана, Алма-Ато (солҳои 2012-2016), давлати Кореяи Ҷанубӣ (с.2015), ш. Теҳрон (с.2016), ш.Токио (с. 2017) ва Душанбе (солҳои 2002-2018), Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанги ҶТ (с.2009-2010), донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат (с.2007-2018) суханронӣ намуда, даҳҳо мақолаҳои илмӣ ва гузоришҳояш чоп шудааст. Корҳои таҳқиқотӣ ва илмӣ ва таълмӣ - методии Д.Латифзода дар самтҳои педагогика, фарҳангшиносии амалӣ ва педагогикаи фарҳангшиносӣ на танҳо барои ҷумҳурии мо, балки дар кишварҳои ИДМ бори нахуст чоп шуда, дар ин равияи фарҳангшиносӣ нав ва нотакрор буда, илми соҳаи фарҳангшиносии педагоги ва амалиро ғанӣ ва бой гардонидаанд.

      Дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат бо ташаббуси ӯ сохтори факулта таҷдид шуда ихтисосҳои нави соҳаи фарҳанг ва санъат таъсис ёфтанд, лоиҳаи Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои нави таълимӣ таҳия ва дар раванди таълим татбиқ карда шудаанд. Театри таълимӣ таъмир ва аз нав таҷдид шуда, фаъолияти дастаҳои ҳунарии донишкада ҷоннок гардид, онҳо мунтазам консертҳои ҳисоботии хешро ташкил ва баргузор менамоянд. Иштироки ансамбли сарояндагии «Бонувон», рақсии «Бунафша», ансамбл ва оркестрҳои созҳои халқӣ, дастаҳои фалаксароён ва шашмақомхонон, хорҳои таълимии таълимгоҳ, суханварон, студияҳои минтақавии актёрӣ ва дигар гурӯҳҳои ҳунарӣ дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва донишкадавӣ фаъол гардида, репертуари онҳо аз ҳисоби асарҳои драматургон, композиторони кишвар, суруду оҳангҳои халқӣ бой гардид. Кори ба шефӣ гирифтани қисмҳои ҳарбӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, интернатҳо, театру филармонияҳои мардумӣ, коллективҳои истеҳсолӣ аз ҷониби онҳо вусъат ёфт.

      Бо ташаббуси ӯ дар Донишкадаи санъат зиёда аз 30 нафар устод-Ҳунармандони халқӣ ва ҳунарпешаи шоистатаи кишвар, арбобони ҳунари Тоҷикистон соҳиби унвонҳои дотсентиву профессорӣ гардида, бо аттестатҳои ВАК-и Федератсияи Россия шарафёб шуданд. Зери роҳбарии ӯ 17 нафар аспирантон ва унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмӣ ва диплом шудаанд. Мавзӯъҳои рисолаҳои шогирдон актуалӣ буда, масъалаҳои худшиносии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, роҳҳои ташаккули фарҳанги этникӣ, ташаккули фарҳанги иттилоотӣ, такмили идоракунии соҳаи маориф, салоҳиятнокии мутахассисони ояндаи фарҳанг, санъат, ва ғайраро фаро гирифтаанд. Дар ин миён муддате дар вазифаи мутахассиси Марказии дораи Лоиҳаи ислоҳоти низоми маорифи Тоҷикистон, муовини директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон оид ба илм, мудири мониторинг ва шӯъбаи арзёбии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон низ фаъолият кардааст. Д.Латифзода тӯли се сол ба ҳайси намояндагии Тоҷикистон ҳамчун аъзои Иттиҳодияи таълимӣ - методии ихтисосҳои соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ - фарҳангӣ ва эҷодиёти бадеии халқ дар Федератсияи Россия ширкат варзида фаъолият намудааст. Дар ин давра бо корҳои таълимӣ ва илмӣ - методии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия шинос шуда таҷрибаи пешқадами онҳоро дар мактабҳои олии соҳаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ҷорӣ намудааст. Дар вазифаи мудири кафедраи фарҳангшиносӣ, педагогика ва психологияи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия бомуваффақият кор карда шӯъбаи фарҳангшиносии донишгоҳро ба низоми кредитӣ гузаронид ва ин таҷрибаро дар ихтисосҳои фарҳанг ва санъати донишкадаи ҳунар муҳим мешуморад ва онро ҷорӣ карда истодааст. Дар нишастҳои илмии донишгоҳ ва берун аз он фаъолона иштирок ва маърӯзаҳои илмӣ менамояд. Ҳар сол конференсияҳои илмӣ ба роҳ монда мешавад ва мавсуф пайваста дар симпозиуму конференсияҳои байналмилаливу ИДМ бо гузоришҳои илмӣ суханронӣ менамояд. 29 марти соли 2013 бо ташаббуси ӯ дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон бо иштироки устодон ва донишҷӯёни таълимгоҳҳои санъат ва фарҳанги ҷумҳурӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Гуманизатсияи таҳсилоти соҳаи фарҳанг ба мақсади рушди устувор» ташкил карда гузаронида шуд.

      Ӯ олими тавоно, инсони комил, шахси хоксору қобилияти баланди ташкилотчигӣ дошта мебошад. Фаъолияти илмиву таҳқиқотии Латифзода Диловар Назришоҳ ҳамчун аъзои ду Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ доир ба илми педагогикаи қобили махсуси қайд аст. Ӯ дар ҷаласаҳои Шӯро бо таклифҳои мушахасси назариявӣ, методологӣ ва методӣ баромад карда, ба шогирдон ҷиҳати муайян намудани ҷанбаҳои методологии таҳқиқоташон маслиҳатҳои муфид медиҳад. Роҳбарии мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии донишкдаро таҳти унвони «Хусусиятҳои фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар Тоҷикистон (таърих, вазъи ҳозира ва тамоилҳои рушд)» ба ӯҳда дошта, имрӯзҳо дар доира ин мавзӯи нави таҳқиқотӣ «Фарҳанги маънавӣ: вазъ ва роҳҳои дурнамои рушд» фаъолият бурда истодааст. Дар доираи ин мавзӯъ зиёда аз даҳ мақола таҳия намуда, сӣ рисолаи хатм ва кори дипломӣ ва якчанд рисолаҳои номзадӣ дифоъ карда шудаанд. Аз моҳи апрели соли 2013 ба вазифаи ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода таъйин шуда, номи донишкадаро мувофиқ ба сохтор, таъинот ва самти омодасозии мутахассисон ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода табдил дода, дар он ихтисосҳои нави зинаҳои бакалавриат ва аз рӯйи 7 ихтисос дар зинаи магистратура таълимро ба роҳ монада аст. Бо дарназардошти эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ ба мутахассисони соҳаи режиссураи касбӣ (театрӣ) бори аввал дар донишкада аз рӯйи ин ихтисос курсҳои олии режиссериро таъсис дода аст. Иҷозатномаи Доктори Пейджиро аз рӯйи ихтисоси «Фаъолияти фарҳангӣ - фароғатӣ» гирифта дар ин самт омодагии мутахассисонро роҳандозӣ намудааст. Латифзода Диловар Назришоҳ аъзои ду Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ буда, зери роҳбарии ӯ айни замон ду докторант, се нафар аспирантон ва унвонҷӯён доир ба проблемаҳои фарҳангшиносии амалӣ ва педагогика рисолаҳои номзадӣ навишат истодаанд. Ӯ дар таҳияи як зумра ҳуҷҷатҳои нормативии соҳаи фарҳангу маориф фаъолона иштирок намудааст: «Барномаи комплексии ҷумҳуриявии тарбияи эстетикии аҳолии Тоҷикистон», «Концепция инкишофи фарҳанги Тоҷикистон» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар бораи таълиму тарбияи фарзанд», "Консепсияи таҳсилоти этникӣ дар ҶТ» «Барномаи давлатии инкишофи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» ва диг. лоиҳа, барномаву консепсияҳо.

      Айни ҳол аз фанҳои «Сотсиологияи фарҳанг», «Фарҳангшиносии амалӣ», «Фарҳангшиносии фароғат», курси махсус доир ба проблемаҳои актуалии фарҳанг ва санъат миллӣ таҳти унвони «Фарҳаншиносии этникӣ» коркардҳои илмӣ - методӣ таҳия намуда, онҳоро дар амалияи раванди таълим ҷорӣ карда истодааст. Мавсуф барои саҳмаш дар рушди маориф кишвар ва татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ва фарҳанг соли 2002 бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гадонида шудааст. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти илмӣ - таҳқиқотии ӯ дар китобҳои доктори илмҳои таърих, профессор Пирушоева Х «Таърихи Дарвоз», китоб бахшида ба 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва рӯзномаҳои «Садои мардум» ва «Олами ҳунар» мақолаҳо чоп шудаанд. Ҳоло роҳбарии илмии 2 докторант, 4 аспирант ва унвонҷӯйро ба ӯҳда дорад.