Дарси маҳоратӣ аз фанни назарияи мусиқӣ.

   Аз 3-юм то 8-уми майи соли 2019 дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо роҳбарии номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсенти кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи давлатии шаҳри Санкт-Петербург ба номи Н.А. Римский Карсалов, Литвинова Татьяна Александровна дарсҳои маҳоратӣ гузаронида шуд. Дар дарсҳои маҳоратии мазкур ҳаяти омӯзгорон,аспирантҳо, магистрон ва донишҷӯёни консерватория иштирок намуданд.



Дарси маҳоратии профессор Дилбар Ҳакимовна.

    Аз 16 феврал то 2 марти соли 2019 дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дарси маҳоратии профессори кафедраи фортепианои умумӣ Дилбар Ҳакимова дар мавзӯи “Баррасии баъзе усулҳои навозандагӣ” бо иштироки ноибони ректор, деканҳои факултет, мудирони кафедра ва донишҷӯёни консерватория, инчунин таълимгирандагони мактаб- интернати миёнаи махсуси мусиқӣ ба номи З.Шаҳидӣ баргузор гардид.


Шоми мусиқи таҳти унвони “Поэзия русского романса”

    Шоми имрӯз, 17 декабр соати 16-00 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, шоми мусиқӣ баргузор гардид. Дар консерти мазкур ҳунармандони Федератсияи Россия Виктория Носовская, Вячеслав Ольховский ва консертмейстер Виктория Пфлотер ҳунарнамоӣ карда, аз эҷодиёти композиторони машҳури рус якчанд суруду оҳангҳо иҷро намуда, табъи ҳозиринро болида гардониданд.


Дарси маҳоратии Асадулло Атоуллоев.

    Санаи 24-уми майи соли 2018 дар толори хурди консерватория, аз ҷониби ҳунармандони шоиста, устоди омӯзишгоҳи мусиқии ба номи “Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов”-и шаҳри Самарқанд, Асадулло Атоуллоев баргузор гардид. Дар дарси маҳоратии мазкур устодон ва донишҷӯёни консерватория иштирок намуда, аз таҷрибаи бойи устод бархудор гардиданд.


Дарси маҳоратӣ аз Узбекистон

    Санаи 9 марти соли 2018 дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо иштироки намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, директори генералии “Маркази мақом” профессор Солӣ Бегматов ва Ҳофизи халқии Ӯзбекистон, профессори Консерваторияи давлатии Узбекистон ба номи М. Ашрафӣ, Маҳмуд Туйчибоев дарси маҳоратӣ баргузор гардид , ки дар он устодон аз намунаҳои санъати миллии мусиқии Шашмақом сурудҳо иҷро карда аз нозукиҳои он ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

   Дарси маҳорат бо иштироки ҳунармандони ансамбли «Florian Favre trio», Швейтсария, Толори хурди консерватория.





   28 апрели 2017, – дарси маҳорат бо иштироки ҳунармандони ансамбли «Salt peanuts», Қирғизистон, Толори хурди консерватория.





   28 апрели 2017, – дарси маҳорат бо иштироки ҳунармандони ансамбли «Salt peanuts», Қирғизистон, Толори хурди консерватория.





    28 апрели 2017, – дарси маҳорат бо иштироки ҳунармандони ансамбли«Kemenjazz», Туркия, Толори хурди консерватория.





    29 апрели 2017, – дарси маҳорат бо иштироки ҳунармандони ансамбли «Satjan project», Қазоқистон, Толори хурди консерватория





    29 апрели 2017, – дарси маҳорат бо иштироки ҳунармандони ансамбли «Women voice», Австрия, Толори хурди консерватория





    29 апрели 2017, – дарси маҳорат бо иштироки пианинонавозYeye Faye, Фаронса, Толори хурди консерватория





    1 майи 2017, – дарси маҳорат бо иштироки ҳунармандони ансамбли «Thomas Langer & Ralf Cetto duo», Олмон, Толори хурди консерватория