Нишасти матбуотӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов

     Рӯзи 27.07.2020 соати 9:00 дар Консерватория нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ин нишаст аз рӯзномаҳои Минбари халқ Рӯзиев Тухтамурод, Агентии ховар Саидов Тоҳирҷон ва Давлатова Фирӯза, Баҳори аҷам Имомова Меҳрубон, Тоҷикистон Нарзуллозода Ҷумагул, Ҷумҳурият Бузургмеҳри Баҳодур ва маҷаллаи Фирӯза Гулова Зарина ва Нарзуллоева Мавзуна иштирок намуданд. Дар нишасти матбуотӣ ректори консерватория Достизода М. оид ба фаъолияти муассисаи таълимӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 ҳисоботи мухтасар дод. Мазмуни асосии ҳисоботро фаъолияти таълимӣ, нашри китобҳо, ҷамъбасти сессияи зимистона ва тобистонаи соли таҳсили 2019-2020, таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон, аттестатсияи хатм, тақсимоти давлатӣ, дарсҳои кушод ва консертҳои синфӣ, сифати таҳсилот, фаъолияти эҷодӣ ва тарбиявӣ, озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, фаъолияти илмӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, бахши магистратура, аспирантура ва коромӯзӣ, китобхона ва обуна, хоҷагидорӣ, ҳамкориҳо, пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19 ва роҳҳои беҳтар ва дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони соҳаи мусиқии касбӣ дар бар гирифт.

     Дар баробари ин аз тарафи рӯзноманигорон саволҳои ҷолиби диққат ба монанди: Оё дар консерватория Шӯрои дифоъ амал мекунад?, аз донишҷӯёни консерватория киҳо дар хориҷи кишвар таҳсил карда истодаанд?, Оё мутахассисони варзидаи соҳаи санъати мусиқӣ, ки дар нафақа мебошанд барои давом додани фаъолияти касбии худ дар тарбия намудани мутахассисони ҷавон ҷалб карда мешаванд?, Вазъи созҳои мусиқӣ дар консерватория чӣ гуна мебошад?, Таъсиси маҷаллаи консерватория дар кадом вазъ аст?, Роҳҳои беҳтар намудани тарбияи мутахассисони соҳаи мусиқии касбӣ ва ғайра дода шуданд. Ба ҳамаи саволҳои додашуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.