ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
БА НОМИ Т. САТТОРОВ

      Ҳамасола дар кишвари азизамон 22 сентябр ҷашни бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён - устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ 24-уми сентябр дар толори консерватория дар доираи соатҳои тарбиявӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни ин боргоҳ солонаи Рӯдакӣ таҷлил гардид. Аз ҷониби омӯзгорони кафедраи забонҳо се маърӯзаи пурмуҳтаво қироат шуд, ки донишҷӯён аз онҳо маълумоти судманд оид ба рӯзгор ва осори гаронбаҳои устоди шоирон Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба худ гирифтанд. Ҳамчунин, донишҷӯён аз ашъори шоир ва тарҷумаи русии он порчаҳо қироат намуданд, ки аз ин табъи ҳозирин болида гардид.