Машварати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни консерватория.

     Рӯзи 27.08.2020 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов оид ба масъалаҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва шомил гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстримистию террористӣ вохӯрӣ бо намояндагони Хадамоти давлатии муҳофизаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии полковники милитсия Ализода А. Ҷ. бо донишҷӯёни консерватория баргузор гардид. Дар ҷамъомади мазкур дар бораи ҳолати имрӯзаи паҳншавии беморӣ мауълумот дода шуда, ҳамзамон қайд карда шуд, ки бо пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон баҳри ободии ватану миллати хеш ҷавонон саъйу талош намоянд, барои пешгирӣ аз хурофот ифродгароӣ ва шомил нашудан ба гурӯҳҳои экстримистию террористӣ ҳушёр бошанд.