Раёсати баҳисобгирии муҳосибӣ ва иқтисод

Ғиёсзода Абдураҳмон Ғиёс

Сардори раёсати баҳисобгирии муҳосибӣ ва иқтисод – Ғиёсзода Абдураҳмон Ғиёс

Ғиёсзода Абдураҳмон Ғиёс аз моҳи майи соли 2025 то имрӯз дар вазифаи Сардори раёсати баҳисобгирии муҳосибӣ ва иқтисоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолият менамояд.
Фаъолияти меҳнатии ӯ дар соҳаи молия ва баҳисобгирии муҳосибӣ ба таъмини шаффофият, самаранокии идоракунии молиявӣ ва таҳкими низоми иқтисодии муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимӣ равона гардидааст.
Фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 2005–2007 – Иқтисодчии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ.
  • Солҳои 2007–2008 – Сармуҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
  • Солҳои 2008–2025 – Сармуҳосиб дар Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов.
  • Аз моҳи майи соли 2025 то ҳол – Сардори раёсати баҳисобгирии муҳосибӣ ва иқтисоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
  • Дар фаъолияти худ Ғиёсзода Абдураҳмон Ғиёс ба таҳкими интизоми молиявӣ, истифодаи самараноки захираҳои буҷавӣ, такмили низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти молиявӣ дар муассиса саҳми назаррас мегузорад.

Маълумот барои тамос:
227-07-45; 883-555-558