Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус

 Маълумот оид ба раёсати кадрҳо ва корҳои махсус

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов» воҳиди мустақили Консерватория ба шумор рафта, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастурамали вазифавии ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оинномаи Муассисаи давлатии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов» ва «Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Муассисаи давлатии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов» ба роҳ мондааст. Санадҳои зикршуда, вазифаҳои асосии Раёсати кадрҳо ва корҳои махсусро оид ба амалӣ намудани сиёсати кадрӣ ба таври муфассал ва дақиқ муайян намудааст: банақшагирии масъалаҳои кадрӣ, таҳияи муқаррарот барои ишғоли вазифаҳо ва ҷойҳои кори холӣ, иҷрои вазифаҳои касбии кормандони нав, ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ, илмӣ, педагогӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасонии таълимӣ ва хоҷагидорӣ, муайян намудани талабот ва мутобиқати касбӣ, тағирот дар ҳайати шахсӣ, интихоби кадрҳои баландихтисос, таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи фармоишҳо барои ишғоли вазифаҳои профессор, омӯзгор ва роҳбар, ҳамзамон, танзими интизоми меҳнат. Фаъолияти Раёсати кадрҳо ва корҳои махсусро сардори раёсат ба роҳбарӣ мегирад ва бевосита ба ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов тобеъ мебошад.

Раёсат баробари таъсиси Консерватория (2003) фаъолияти худро ҳамчун «Шуъбаи кадрҳо» оғоз намуда, аз соли 2022 то ҳол бо номи «Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус» фаъолият намуда истодааст. Соҳибова Ҳ.М., Раҳимова Б.М., Сиҷоатова М.Ғ. ва Партовов Ф. ба ҳайси сардори шуъбаи кадрҳо фаъолият кардаанд. Айни замон сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Иброҳимзода Юсуф Абдураҳим мебошад.

 

Иброҳимзода Юсуф Абдураҳимович

Сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус – Иброҳимзода Юсуф Абдураҳим

Иброҳимзода Юсуф Абдураҳим аз 01 майи соли 2024 то имрӯз дар вазифаи Сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолият менамояд.
Фаъолияти ӯ ба ташкили самараноки сиёсати кадрӣ, танзими ҳуҷҷатгузорӣ, корҳои махсус ва таъмини иҷрои талаботи меъёрҳои соҳавӣ равона гардидааст.

Cобиқаи корӣ:

  • 15 октябри 2020 – октябри 2022 – Нозир, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов.
  • Октябри 2022 – октябри 2023 – Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • 27 октябри 2023 – майи 2024 – Сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов.
  • Аз 01 майи 2024 то ҳол – Сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус.

Маълумот барои тамос:
Телефон: 2270710, 988127573
E-mail: tosovm96@gmail.com