Исмоилов Абдурасул Жӯрабоевич

Исмоилов Абдурасул Ҷурабоевич

Муовини ректор оид ба тарбия – Исмоилов Абдурасул Жӯрабоевич

Исмоилов Абдурасул Жӯрабоевич – Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, аз зумраи мутахассисони варзидаи соҳаи санъат ба шумор меравад. Айни замон дар вазифаи Муовини ректор оид ба тарбия ва эҷоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолият менамояд.
Фаъолияти касбӣ ва эҷодии ӯ ба рушди санъати миллӣ, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи фарҳанги воло ва густариши анъанаҳои мусиқии тоҷикӣ равона гардидааст.
Фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 2008–2010 – Муаллими мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб.
  • Аз соли 2010 то ҳол – Консертмейстер, аспирант, омӯзгор, омӯзгори калон, иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ, Муовини

ректор оид ба тарбия ва эҷоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
Дар давраи фаъолияташ дар Консерватория дар самти таълиму тарбия, омодасозии ҳунармандони ҷавон ва ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Маълумот барои тамос:
Телефон: 227 0730, 918860858
E-mail: abdurasul-dutor@mail.ru