
Дар Консерватория 90 алҳол нафар зан фаъолият менамоянд, ки аз ин теъдод 11 нафар ҳоло дар рухсатӣ мебошанд.
Шурои бонувон ҳамчун созмони ҷамъиятӣ дар муассисаи олии мусиқӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- Иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ:
Ташкили ва иштирок дар чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар Консерватория ва берун аз он, ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои ҳукуматӣ ва барномаҳои фарҳангию фароғатии шабакаҳои телевизионӣ.
Иштироки фаъол дар озмуни “Гулдухтарони тоҷик”, бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ, озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва ғайраҳо.
- Ҳамкории дохилӣ бо факултетҳо:
Таҳкими робитаҳои мутақобила байни факултетҳо ва кафедраҳо барои иштироки фаъол ва ҳамоҳангшудаи бонувон ва духтарон.
Ҳамин тавр, дар соли таҳсили 2025-2026 шурои бонувон бо донишҷӯдухтарон фаъолона кор карда, чорабиниҳо ва иштироки духтаронро дар ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таъмин намуд. Иштироки донишҷӯдухтарон дар чорабиниҳои Консерватория ва берун аз он, аз ҷумла барномаҳои телевизионӣ, нишон медиҳад, ки онҳо на танҳо фаъол, балки соҳибмаърифат ва масъулиятшинос низ мебошанд.
Шурои бонувон ҳамчун созмони ҷамъиятӣ дар рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва касбии духтарон нақши муҳим дорад ва баҳри рушди ҳамкориҳои созанда миёни донишҷӯдухтарон ва ҳайати омӯзгорон пайваста кӯшиш менамояд.
Раиси шурои бонувон Нилуфари Ҷалол

Аз моҳи сентябри соли 2025 то ҳол дар вазифаи раиси шурои бонувони Консерваторияи миллӣ фаъолият дорад.
Маълумот барои тамос:
Телефон: 987-654-863
