
Муовини ректор оид ба таълим – Аҳмадзода Зуҳриддин Шамол
Аҳмадзода Зуҳриддин Шамол аз моҳи сентябри соли 2025 то имрӯз дар вазифаи Муовини ректор оид ба таълими Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолият менамояд.
Фаъолияти меҳнатии ӯ дар соҳаи маориф ва фарҳанг пайваста ба рушди таҳсилоти олии касбӣ ва такмили низоми таълим равона гардидааст.
Фаъолияти касбӣ:
- Солҳои 2017–2018 – Омӯзгори МИҶММС ба номи М. Атоев.
- Солҳои 2018–2020 – Ҷонишини декани факултети иҷрокунандагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
- Солҳои 2020–2021 – Мудири шуъбаи фосилавӣ ва такмили тахассуси кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
- Солҳои 2021–2025 – Декани факултети иҷрокунандагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
- Аз сентябри соли 2025 то ҳол – Муовини ректор оид ба таълим.
Дар фаъолияти худ Аҳмадзода Зуҳриддин Шамол ба баланд бардоштани сифати таълим, ҷорӣ намудани усулҳои муосири омӯзиш, такмили барномаҳои таълимӣ ва рушди неруи кадрии соҳа саҳми назаррас мегузорад.
Маълумот барои тамос:
Телефон: 2270724, 5555559100
E-mail: akhmedovzuhriddin5@gmail.com
