Табрикотии ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Давлатзода Баҳодур бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони гиромӣ, устодони гиромиқадр ва донишҷӯёни азиз!
Имрӯз мо яке аз ҷашнҳои муҳимми давлати соҳибистиқлоламон — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро гиромӣ медорем. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги давлатдории миллиамон мебошад.
Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатӣ моҳияти истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ормонҳои созандагии халқамонро таҷассум намудааст. Рангҳои сурх, сафед ва сабзи Парчам дар худ покии ният, рамзи ҳаёт, меҳнату ободкорӣ, шуҷоату матонат ва равшании орзуву ормонҳои миллатро ифода мекунанд.
Миллати тоҷик таърихи куҳанбунёди парчамдорӣ дорад. Аз парчамҳои давлатиҳои ориёӣ, аз рамзҳои Сомониён то ба Парчами давлатии имрӯза, ин нишони муқаддас ҳамеша таҷассуми шаъну шарафи миллӣ, рамзи давлатдорӣ ва ифодагари ваҳдати мардуми тоҷик будааст. Имрӯз низ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи моро ба сӯйи сулҳу субот, пешрафт ва ояндаи дурахшон равшан месозад.
Дар ин раванд, фарҳанг ва санъати мусиқӣ нақши беназир доранд. Оҳангҳои ватандӯстона, сурудҳо бахшида ба Парчами давлатї ва осори эҷодии композиторони тоҷик эҳтироми мардумро ба рамзҳои давлатӣ боз ҳам баландтар мегардонанд. Мусиқӣ ҳамчун забони умумибашарӣ Парчами моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, руҳияи миллиро таҳким мебахшад.
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов имрӯз дар натиҷаи талошҳои пайвастаи устодон ва заҳмати созандаи донишҷӯён ҳамчун маркази таълиму тарбияи ҳунармандони ҷавон ва ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ мақом дорад. Мо ифтихор дорем, ки дар обод намудани фазои фарҳангии кишвар, дар таҳкими худшиносӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ саҳми хос мегузорем.
Тавре медонем, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рамзи ҳуқуқӣ ва сиёсии давлат аст, балки як манбаи илҳом ва нерӯи эҷодист. Махсусан дар фарҳанг, шеър ва мусиқӣ ин рамз бо рангу оҳанг, бо эҳсосу маънӣ таҷассум ёфта, ба як мавзӯи муҳими ҳунари миллӣ табдил шудааст.
Мусиқӣ, ҳамчун забони бадеии умумибашарӣ, Парчамро на танҳо тасвир мекунад, балки онро садодиҳанда, эҳсосдиҳанда ва зинда месозад. Ҳар як суруди ватандӯстона, ҳар як оҳанги тантанавӣ ва ҳар як таронаи ҷавонӣ дар робита бо Парчам бардошти ифтихоромез ва ҳисси масъулияти шаҳрвандиро боз ҳам пурранг мегардонад. Аз сурудҳои шукӯҳманди замони истиқлол то оҳангҳои ҷашниву тантанавии муосир, мусиқии тоҷик Парчамро ҳамчун рамзи ваҳдат, ифтихор ва давлати озоду обод инъикос кардааст.
Дар эҷодиёти композиторони тоҷик низ мавзуи Парчам ҳамеша ҷойи хос доштааст. Композиторони тоҷик дар тарҳрезӣ ва офариниши сурудҳои марбути Парчами давлатӣ, Ватан ва рамзҳои давлатӣ нақши махсус доранд. Эҷодиёти онҳо — аз гимнҳои муассиса то таронаҳои замонавии ватандӯстона — Парчамро ба унвони рамзи ягонагии миллӣ таҷассум мекунад ва онро ба оҳангҳои баланд, мутантан ва бардоштнок табдил медиҳад. Ин оҳангҳо на танҳо дар саҳна, балки дар дилҳои мардум парчами эҳтирому садоқатро барафрохта нигоҳ медоранд.
Ба ифтихори ин рӯзи муқаддас — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҳамаи Шуморо самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки Шумо неруи эҷодӣ, илҳоми нав, комёбиҳои беназир ва пешрафт дар фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва ҳунарӣ орзу менамоям.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи ваҳдату сарбаландии миллати тоҷик — ҳамеша дар фазои Тоҷикистони азиз парафшон бошад! Бигзор оҳанги Ватан ва суруди Парчам дар дилу дидаи ҳар як фарди ин сарзамин ҳамеша садо диҳад!
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод!
