Консерти синфии омӯзгорони кафедраи мутрибони анъанавӣ

Posted Tue, 12/16/2025 - 19:33
By admin
омӯзгорони кафедраи мутрибони анъанавӣ

16-уми декабри соли 2025, дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти синфии омӯзгорони кафедраи мутрибони анъанавӣ и.в. дотсент Аброр Маҳмудӣ, омӯзгорони калон Орифов Солеҳ ва Бобоев Бахтиёр баргузор гардид.

Дар консерти синфӣ 8 оҳанг, аз эҷодиёти бастакорони ватанӣ ва хориҷӣ садо дода, донишҷӯён бо навозиши зебои худ табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Дар консерти синфӣ ректори Консерваторияи миллӣ, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Дар фарҷом ректори Консерваторияи миллӣ, ҷиҳати баргузории консерти синфӣ ибрози андеша намуда, ба кулли нафароне, ки дар ин барномаи консертӣ саҳм гузоштанд изҳори сипос намуда, ба онҳо парвози баланди эҷодиро таманно намуданд. ва таъкид намуданд, ки мо бояд бо фарҳангу санъати мусиқи суннатӣ ва касбӣ дар арсаи ҷаҳон Тоҷикистони азизро муаррифӣ намоем.

Консерти синфӣ хеле ҷолибу рангин буда, аз ҷониби ҳозирин хеле хуб пазируфта шуд.