Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон аз соли 2003 то соли 2018 чун яке аз бахшҳои шуъбаи таълим ба ҳисоб мерафт ва аз соли 2018  чун шуъбаи мустақили зертобеи Раёсати таълим амал карда истодааст. Дар вазифаи корманди шуъбаи таълим нозири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ Абдураҳмонова Умеда фаъолияти мекард. Бо ташкил шудани шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон Қодиров Л., солҳои 2018-2022, Сироҷзода С., солҳои 2023-2014, Абдулҳадов Н. солҳои 2023-2024 ба ҳайси мудири шуъба кору фаъолият карданд. Аз сентябри соли 2025 то ҳол Мирзоев В. М. дар вазифаи мудири шуъба фаъолият карда истодааст.

Фаъолияти шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар ду самт - таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон ба роҳ монда шудааст.

Самти якум таҷрибаомӯзӣ. Мувофиқи нақшаи таълимӣ донишҷӯёни Консерватория се намуди таҷрибаомӯзӣ мегузаранд: таҷрибаомӯзии таълимӣ дар курси дуюм, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар курси сеюм ва таҷрибаомӯзии педагогӣ дар курси чорум. Таҷрибаомӯзиҳо дар муассисаҳои зерин дар асоси шартномаи дутарафа ба роҳ монда шудааст.

Самти дуюм кор бо хатмкунандагон. Ҳамасола фаъолияти меҳнатии хатмкунандагон-чун мутахассисони ҷавон пайгирӣ карда мешавад. Пеш аз хатм барои бо ҷойи кор таъмин шудани хатмкунандагон корҳои ташвиқотӣ гузаронида мешавад. То ин ҷониб тамоми хатмкунандагони Консерватория бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

Мудири шуъба Мирзоев Воҳид Маҷидович

Мирзоев Воҳид Маҷидович

Факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 1989 хатм намудааст.

Аз соли 1984 то соли 1989 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 шаҳри Душанбе дар вазифаҳои  омӯзгори фанни мусиқӣ ва суруд, забон ва адабиёти тоҷик ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият намудааст. 

Солҳои 1989-1994 намояндаи халқ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шудааст. 
Солҳои 1994-2014 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар вазифаҳои ассистент, муаллими калони кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ, инчунин мудири шуъбаи ғоибона ва и.в. мудири ҳамин кафедра фаъолият намудааст.
Солҳои 2014-2017 дар Донишкадаи давлатии санъат и тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар вазифаҳои мудири кафедра ва муовини ректор оид ба таълим фаъолият намудааст. 

Солҳои 2017 то 2018 - мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
Солҳои 2018-2025 сардори раёсати таълими Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
Аз сентябри соли 2025 то ҳол дар вазифаи мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон фаъолият дорад.

Дар давоми солҳои фаъолият бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста сарфароз гардидонида шудааст.
Муаллифи зиёда аз 25 мақолаву китобҳои дарсӣ ба мебошад, аз ҷумла:

  •  Психологияи фаъолияти касбӣ, китоби дарсӣ - 2015;
  •  Тестҳои психологӣ, маҷмуаи тестҳо – 2020 нашри аввал, нашри дуюм -2022;
  •  Истифодабарии методҳои математикӣ дар психология. Китоби дарсӣ -2019;
  •  Фаъолияти психолог дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ. Китоби дарсӣ-2016;
  •  Фаъолияти психолог дар Қувваҳои Мусаллаҳ. Китоби дарсӣ-2018;
  •  Психологияи фаъолияти мусиқӣ. Китоби дарсӣ-2023;
  •  Педагогикаи мусиқӣ. Китоби дарсӣ -2026;
  •  Низоми фаъолияти психологи мактабӣ. Дарстур барои психологони мактабӣ-2024.