Баргузории барномаи консертӣ бо иштироки пианинонавози маъруфи Фаронса Иван Шамс Навои

Posted Fri, 02/10/2026 - 19:21
By admin
Иван Шамс Навои

Имрӯз, 2 октябри соли 2026, дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов барномаи консертӣ бо иштироки пианинонавози маъруфи Фаронса Иван Шамс Навои баргузор гардид.

Дар барномаи консертӣ асарҳои мусиқии классикӣ ва намунаҳои барҷастаи санъати фортепианавӣ иҷро гардида, пешкаши устодону донишҷӯён, аҳли ҳунар ва дӯстдорони мусиқӣ шуданд. Ҳозирин аз маҳорати баланди иҷроӣ, сабки хоси ҳунарӣ ва барномаи ҷолиби пианинонавози фаронсавӣ баҳра гирифтанд.

Баргузории чунин барномаҳои консертӣ барои таҳкими робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ, табодули таҷрибаи касбӣ ва шиносоии устодону донишҷӯёни Консерватория бо дастовардҳои санъати мусиқии ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов минбаъд низ барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди робитаҳои фарҳангиву эҷодӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии насли ҷавони ҳунармандон чунин чорабиниҳои фарҳангиро баргузор хоҳад кард.