Дастовардҳои Консерваторияи миллӣ дар xx-умин Бозиҳои Делфӣ

Posted Fri, 09/10/2026 - 19:27
By admin
Дастовардҳои Консерваторияи миллӣ

Боиси ифтихору сарфарозист, ки донишҷӯёну магистрантони Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов» дар XX-умин Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) фаъолона иштирок намуда, бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ, истеъдоди фавқулода ва омодагии баланд соҳиби ҷойҳои намоён ва дипломҳои ифтихории озмун гардиданд.

Намояндагони Консерваторияи миллӣ дар як қатор номинатсияҳои мусиқӣ ҳунарнамоӣ карда, бо натиҷаҳои назаррас нуфузи муассисаи таълимиро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам тақвият бахшиданд.

Натиҷаҳои бадастовардаи донишҷӯён дар номинаҳои гуногун чунинанд:

Номинаи «Суруди анъанавӣ»
Саидниёзов Некрӯз — донишҷӯи курси дуюми ихтисоси сарояндагии анъанавӣ — соҳиби ҷойи якум.
Номинаи «Суруди академӣ»
Қодиров Сиёвуш Хуршедович — донишҷӯи курси дуюми ихтисоси сарояндагии академӣ — соҳиби ҷойи сеюм;
Чариев Сироджиддин Маҳмадаминович — донишҷӯи курси чоруми ихтисоси сарояндагии академӣ — дипломи ифтихории озмун;
Абдуҳамидзода Нушин — шунавандаи курси тайёрии ихтисоси сарояндагии академӣ — дипломи ифтихории озмун.
Номинаи «Созҳои миллӣ»
Аломудинова Аниса — магистранти соли аввали ихтисоси созҳои халқӣ — соҳиби ҷойи сеюм;
Мӯминов Ҷонибек Абдуҷалоллович — донишҷӯи курси дуюми ихтисоси созҳои халқӣ — дипломи ифтихории озмун.
Номинаи «Созҳои оркестрӣ»
Саидов Ҳасан Абдурасулович — донишҷӯи курси якуми ихтисоси созҳои оркестрӣ — соҳиби ҷойи сеюм;
Қаҳҳорова Малика Фурқатовна — донишҷӯи курси якуми ихтисоси созҳои оркестрӣ — дипломи ифтихории озмун.
Номинаи «Фортепиано»
Алиева Азиза — магистранти курси якуми ихтисоси фортепиано — дипломи ифтихории озмун.