Маҳфили “Шоҳномахонӣ” дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Posted Fri, 12/12/2025 - 16:14
By admin
Шоҳномахонӣ

12 декабри соли 2025, дар факултети мусиқии суннатии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов маҳфили “Шоҳномахонӣ” баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи иқдоми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тақдими шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ – «Шоҳнома» ба ҳар як оила ва ташвиқи мутолиаи он сурат гирифт.

Дар маҳфил доираи васеи устодону донишҷӯён ширкат варзиданд. Аз ҷумла, Шарифзода Лутфулло Абдулло – номзади илмҳои филологӣ; Бурҳонов Манучеҳр – декани факултети мусиқии суннатии тоҷик; Вализода Шабнам – мудири кафедраи забонҳо; Назархудоев Назархудо – мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ; Фаридуни Ҳотам – муовини декан, инчунин роҳбарони кафедраҳо ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ҳузур доштанд.

Ифтитоҳи маҳфил

Маҳфилро декани факултет Бурҳонов Манучеҳр ифтитоҳ намуда, аҳаммияти мутолиаи «Шоҳнома»-ро ҳамчун ганҷинаи безаволи фарҳанги миллии тоҷикон таъкид карданд.

Баъдан Шарифзода Лутфулло Абдулло, номзади илмҳои филологӣ, доир ба арзиши таърихӣ, адабӣ ва тарбиявии ин асари мондагор суханронӣ намуда, нақши «Шоҳнома»-ро дар таҳкими худшиносии миллӣ ва боло бурдани маърифати хонандагон муҳим арзёбӣ карданд.

Қироати порчаҳо аз «Шоҳнома»

Дар қисмати асосии маҳфил донишҷӯён бо завқу ҳаваси баланд порчаҳои азбаркардаашонро аз достонҳои гуногуни «Шоҳнома» қироат намуданд. Ин иқдом нишон дод, ки эҳтиром ба мероси адабӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон дар миёни ҷавонон рӯ ба афзоиш аст.

Хулоса

Маҳфили “Шоҳномахонӣ” дар факултети мусиқии суннатии тоҷик бо шукуҳи хос баргузор гардида, таваҷҷӯҳи донишҷӯёнро ба омӯзиш, омӯзгорӣ ва гиромидошти шоҳасари бузурги Ҳаким Фирдавсӣ боз ҳам зиёд намуд. Чорабинӣ дар таҳкими худогоҳиву худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба мероси бузурги ниёгон нақши муҳим гузошт.