Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи санъати мусиқии миллии Узбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Дар доираи Форуми байналмилалии таҳсилоти Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 27–30 октябри соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Давлатзода Баҳодур Давлат дар чорабинӣ иштирок намуда, бо Донишкадаи санъати мусиқии миллии Узбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Ба имзо расидани санади мазкур қадами муҳим дар самти таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва таълимии Тоҷикистону Узбекистон буда, барои густариши ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи санъат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамкории ду муассисаи бонуфузи соҳаи мусиқӣ, пеш аз ҳама, ба рушди робитаҳои касбӣ ва илмӣ, табодули таҷрибаи омӯзгорону мутахассисон, фароҳам овардани имкониятҳои нави таҳсилӣ ва эҷодӣ барои донишҷӯён, инчунин баргузории чорабиниҳои муштараки илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ равона мегардад.
Бо дарназардошти пайвандҳои таърихию фарҳангии халқҳои тоҷик ва ӯзбек, ки дар тӯли асрҳо дар ташаккул ва рушди анъанаҳои мусиқии минтақа саҳми арзанда гузоштаанд, чунин иқдомҳо аҳаммияти хосса доранд. Мусиқии суннатӣ, мероси мақомхонӣ ва анъанаҳои иҷрои ин мардумони минтақа аз ҷумлаи арзишҳои муштараки фарҳангие мебошанд, ки ҳифз, омӯзиш ва муаррифии онҳо тақозои ҳамкории пайвастаи муассисаҳои соҳавиро дорад.
Иштироки роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии таҳсилоти Осиёи Марказӣ ва ба имзо расидани созишномаи ҳамкорӣ бо Донишкадаи санъати мусиқии миллии Узбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ бозгӯи талошҳои пайгирона дар самти тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти мусиқӣ ва таҳкими мавқеи муассиса дар фазои байналмилалии фарҳангиву таълимӣ мебошад.
Ин ҳамкорӣ метавонад барои татбиқи ташаббусҳои муштараки таълимӣ ва эҷодӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи мусиқии суннатӣ ва тарбияи насли нави мутахассисони соҳибкасб имкониятҳои бештар фароҳам оварда, дар ҳифзу рушди мероси ғании мусиқии халқҳои Тоҷикистону Узбекистон саҳми арзанда гузорад.
