Фестивали байналмилалии «Гарданбанди Оҳангҳо» дар Федератсияи Русия

Posted Mon, 16/11/2026 - 15:23
By admin
Ожерелье мелодий

Рӯзҳои 12–14-уми ноябр ҳайати Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар шаҳри Краснодарии Федератсияи Русия дар Фестивали якуми байналмилалии донишҷӯёни муассисаҳои таълимии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Гарданбанди оҳангҳо» иштирок намуд. Фестивали мазкур бо ташаббуси Донишкадаи давлатии фарҳанги Краснодар бахшида ба 60-солагии таъсисёбии ин муассисаи таълимӣ баргузор гардида, дар он намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи фарҳангу санъат аз Тоҷикистон, Узбекистон, Чин ва минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия ширкат варзиданд. Дар доираи барномаи консертии фестивал ансамбли донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон нахустин шуда ба саҳна баромада, бо пешниҳоди барномаи рангини мусиқӣ ва иҷрои асарҳои ҳунарӣ фестивалро ифтитоҳ намуданд. Ҳунарнамоии ансамбл бо ғановати мусиқии тоҷик, анъанаҳои нотакрори ҳунари миллӣ ва маҳорати баланди иҷрокунандагии донишҷӯён ҷиҳати муаррифии шоистаи санъати мусиқии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ саҳми арзанда гузошт.

Иштироки ҳайати Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар ин фестивали байналмилалӣ барои таҳкими робитаҳои фарҳангиву таълимӣ, густариши ҳамкориҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи санъат, табодули таҷрибаи касбӣ ва рушди ҳамкориҳои эҷодӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳамзамон, чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ, боло бурдани маҳорати касбии донишҷӯён ва муаррифии дастовардҳои санъати миллии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим доранд. Иштироки бомуваффақияти ҳайати Консерватория дар фестивали мазкур бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи муассиса ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии фарҳанги мусиқии тоҷик ҳамчун ҷузъи арзишманди тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

Акс: Краснодарский государственный институт культуры - КГИК