Рӯнамоии китоби «Шаҳнур» - шоми мусиқии нотакрор дар Консерваторияи миллӣ!
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Шуморо ба консерт-рӯнамоии китоби тозаэҷоди композитори бомаҳорат Ҷӯрабек Умаров даъват менамояд.
Дар барнома:
Асарҳои ҷолибу шунидании фортепианоӣ ва ансамблӣ («Шаҳнур», «Мавҷи дарё», «Эй Ватан» ва ғайра) дар иҷрои истеъдодҳои ҷавон - шунавандагони курсҳои омӯзишии Консерваторияи миллӣ, хонандагони Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев ва донишҷӯёни курси тайёрии Консерваторияи миллӣ хонандагони мактаби мусиқӣ зери роҳбарии омӯзгор Фирӯза Қосимова.
Замон: 19 май, соати 15:00
Макон: толори калони Консерваторияи миллӣ
Шаҳр: Душанбе, кӯҷаи Ш. Ҳусейнзода 155
Воридшавӣ: Озод
Мусиқии зинда ва руҳияи болида Шуморо интизор аст! Бо мо ҳамроҳ шавед.

