Тантанаи Наврӯзи байналмилалӣ дар Консерваторияи миллӣ

Posted Wed, 01/04/2026 - 19:22
By admin
Наврӯзи байналмилалӣ дар Консерватория

Дар Ватани Наврӯз, Наврӯзи Ориё, Наврӯзи байналмилалӣ-Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин рӯз аст ки Наврӯзи хуҷастапай бо тамоми шукуҳу ҷалол тантана дорад.Иди Наврӯз аз куҳантарин ва пурарзиштарин идест ки мардуми ориёнажод онро бо тамоми ҳастӣ интизорӣ мекашанд ва бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ аз он ба таври сазовор истиқбол мегиранд ва қадами мубораки онро некӯ медоранд.

Дар робита ба ин дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов санаи 31-уми марти соли 2026 иди Наврӯз бо тантанана ва шукуҳи хос таҷлил карда шуд. Ба ин ҷашни фархунда тамоми факултет ва кафедраҳо бо ҷиддият омодагӣ гирифта буданд.

Дар оғоз ректори Консерваторияи миллӣ, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат тамоми ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандонро бо ин ҷашни бузурги миллӣ табрик намуда, ба ҳамагон баҳри баргузор намудани чунин базми муҳташами наврӯзӣ изҳори сипос намуд ва дар фаъолияти илмию эҷодии кормандон барору комёбӣ орзу намуд.

Тантанаи Наврӯзи байналмилалӣ дар Консерваторияи миллӣ

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун низ дар навбати худ тамоми ҳозиринро бо иди Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, изҳор дошт ки иди Наврӯз, ин ҷашни зебоӣ, дӯстӣ, осоиштагӣ ва ҳамсоягии нек мебошад, ки ки мо инро чанд рӯз пеш дар сафари охирини Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳурии ҳамсояи Узбекистон баръало эҳсос намудем.

Сипас дар фазои тантанавӣ ба устоди кафедраи сарояндагии эстрадӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Холиқов Исматулло, ки чанде пеш бо қарори КОА- и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон ба унвони илмии дотсент сазовор дониста шуда буд, унвони илмии дотсент тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, ба чанд нафар аз устодони Консерватория, аз қабили Қурбонов О.Б., Раҷабов Ф.Р., Давлатов Қ.Н., Лутфуллои Раҳматулло, Сайдалиев С., Мирзошарифов И., Раҳимова Б. барои саҳми сазовор дар пеш бурдани фарҳанги тоҷик нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Декани факултети мусиқии суннатии тоҷик Бурҳонов М.Р. барои фаъолияти чандинсолаи пурсамар баҳри рушди маориф, илм ва фарҳанги тоҷик бо нишони Аълочиии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуд.

Ба идомаи ин, ба донишҷӯёни Консерватория-барандагони ҷойи дуюм дар Бозиҳои Делфӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон - Муродзода Х., Аломудинова А., Хушқадамов Х., Каримов М., Қодиров А. шаҳолатномаҳо, ба Раҳимов Ф. - лауреати ҷойи якуми фестивал-озмуни байналмилалии “Есть только миг” диплом, ба устод Бурҳонов М.Р. ва шогирдони ӯ - Раҳмонов А., Борониев Б., Шоикатаев Р., Дӯстов Ф., Сафар Ориё сипосномаҳо, ҳамчунин ба ғолибони бозиҳои дохилии Консерватория - тенниси рӯимизӣ, шашка, шоҳмот ва волейбол, ғолибони озмуни дохилии “Гулдухтарони тоҷик”, беҳтарин рӯзномаи деворӣ туҳфаю мукофотҳои ҳавасмандсозӣ супорида шуд.

Бояд гуфт ки яке аз маросимҳои маъмулӣ дар ҷашни Наврӯз оростани дастархони наврӯзӣ бо риояи тамоми нозукиҳои он мебошад, ки ин расм дар Консерваторияи миллӣ низ риоя карда мешавад. Дар озмуни Дастархони беҳтарин тибқи баҳогузории ҳакамон дастархони наврӯзии Раёсати консерваторияи миллӣ (бахшҳои таълим, илм ва сохторҳои он) сазовори ҷойи якум, факултети иҷрокунандагӣ ҷойи дуюм ва факултетҳои мусиқии суннатии тоҷик ва санъати мусиқии эстрадӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.

Ҳамчунин, ба чанд нафар омӯзгорон ва кормандони Консерваторияи миллӣ барои фаъолияти пурсамар дар корҳои эҷодию таълимӣ ва ҷамъиятӣ сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Ба идомаи ин, донишҷӯён дар васфи Наврӯз ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ вафаронсавӣ шеърҳо қироат намуданд.

Баҳри болидасозии табъи тамошобинон бо ибтикори факултети мусиқии суннатии тоҷик консерти хеле ҷолиб бо муҳтавои суруду оҳангҳои зебо дар васфи Баҳор ва Наврӯз дар иҷрои омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор шуд ва мавриди истиқболи гарми тамошобинон қарор гирифт.