Забони давлатӣ - пояи давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор баргузор гардид.
1-уми октябри соли 2026 дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов таҳти унвони «Забони давлатӣ — пояи давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ» чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси бахши илм ва кафедраи забонҳо ва фанҳои ҷомеашиносии Консерваторияи миллӣ баргузор шуда, дар он роҳбарият, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Ректори Консерватория, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат зимни сухани ифтитоҳӣ нақши забони давлатиро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ташаккули худшиносии насли ҷавон муҳим арзёбӣ намуда, ҳамзамон ба ҷойгоҳи омӯзгор дар рушди ҷомеа ва тарбияи насли соҳибмаърифат таъкид кард.
Дар бахши илмии чорабинӣ Раҳим Зулфониён, номзади илмҳои филологӣ, сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, таҳти унвони «Арҷгузорӣ ба забон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар» маъруза намуд. Ҳамчунин, донишҷӯи курси дуюми факултети иҷрокунандагӣ Сиёвуш Хайриддинов бо роҳбарии номзади илмҳои филологӣ Лутфулло Шарифзода мавзуи «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва имконоти бадеии забони тоҷикӣ» суханронӣ кард.
Барномаи чорабинӣ бо қироати шеърҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, ки аз ҷониби омӯзгорони кафедраи забонҳо ва фанҳои ҷомеашиносӣ Қурбонзода О.Б., Аҳророва З.С. ва Вализода Ш.Ҳ. омода гардида буд, идома ёфт. Қисмати фарҳангии чорабинӣ — барномаи консертӣ — аз ҷониби бахши эҷодии Консерватория таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ Шарифов Х.И. таҳия ва манзури иштирокчиён гардонида шуд. Дар доираи он асарҳои мусиқии дорои мазмунҳои миллӣ ва ватандӯстона, аз ҷумла «Садбарги сафед», «Санои меҳр», «Пасту баланд» ва «Забони тоҷикӣ», иҷро гардиданд.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва созанда баргузор гардида, бори дигар аҳаммияти забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳимми давлатдорӣ ва омили пайванди таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллиро таъкид намуд.
Ҳамзамон, арҷгузорӣ ба омӯзгор ва нақши ӯ дар тарбияи насли соҳибмаърифат аз меҳварҳои муҳимми чорабинӣ буд.
