Иштироки ректори Консерваторияи миллӣ дар форуми байналмилалии таҳсилоти осиёи марказӣ

Posted Wed, 28/10/2026 - 18:03
By admin
форуми байналмилали

28 октябри соли 2026 ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат дар ҳайати ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии таҳсилоти Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад, иштирок намуд.

Иштирок дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ба таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаи маориф, густариши ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам дар самти рушди таҳсилоти касбӣ равона гардида, барои муайян намудани имкониятҳои нави ҳамкориҳои минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.