"Шоми Шашмақом" ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ
11 июн дар доираи бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ва маросими ҷашни 50-солагии Барномаи байниҳукуматии гидрологӣ ва 60-солагии илмҳои оби ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса барномаи фарҳангии Шашмақом баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доаднд, барномаи фарҳангӣ бо ҳунарнамоии устодони санъати мусиқии Шашмақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоишро ҷалб намуд.
Намоиши ин мероси беназири мусиқии суннатӣ, ки ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидааст, бозгӯи амиқи фарҳанги маънавии тоҷикон ва саҳми онҳо дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.