Консерти ҳисоботии магистрантон

Posted Fri, 29/05/2026 - 19:00
By admin
Консерти ҳисоботи

Санаи 29-уми майи соли 2026, соати 11 дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти ҳисоботии магистрантони соли 2-юми кафедраи навозандагии эстрадӣ Шокирзода Муҳаммад ва Ҳоҷиев Муродҷон баргузор гардид. Ин маҳфили мусиқӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, маҳсули заҳматҳои омӯзгори калон Умаров Ҷӯрабек мебошад.

Дар барномаи консертӣ асарҳои классикии ҷаз ва эстрадаи ҷаҳонию ватанӣ, аз ҷумла «Ноктюрн»- и А. Бабаджанян, “Ёдҳо”- и Карен Севак, “Night in Tunisia”- и Дизи Гилеспи, «»Велорус»- и гурӯҳи Аномалия, “Музыкальный момент”- и Оскар Петерсон, “Sometimes”- и Ҷорҷ Гершвин, “Hicaz Dopap”, оҳанги гурӯҳи Lacj Taifa, “Эскиз”- и Карен Севак ва оҳангҳо аз эҷоди Умаров Ҷӯрабек («Сипеҳри наво», «Шаҳнур») аз ҷониби магистрантон ва донишҷӯён (Ҳоҷиев М., Шокирзода М., Каримов Ф., Матхолов Ш., Файзуллоев Ф.) дар сатҳи баланди касбӣ иҷро шуданд.

Консерти ҳисоботӣ бо муваффақият анҷом ёфта, гувоҳи заҳматҳои пайвастаи устод Умаров Ҷӯрабек ва кӯшишҳои донишҷӯёну магистрантон гардид. Тамошобинон маҳорати баланди иҷрокунандагонро бо кафкӯбиҳо истиқбол гирифтанд. Ин бори дигар собит намуд, ки ҷавонони мо давомдиҳандагони арзандаи санъати навозандагии эстрадаи тоҷик мебошанд.