Чорабиниҳои илмии Консерваторияи Миллӣ
Имрӯз (17.04.2025) дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо ибтикори кафедраи забонҳо конференсияи илмӣ-назарӣ зери унвони «Омӯзиши фанҳои гуманитарӣ ва забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои олии ғайрифилологӣ» бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» дар доираи ҳафтаи илм дар Консеватория баргузор гардид.
Конференсия аз ду бахш иборат буда, дар бахши аввал суханронии омӯзгорони кафераи забонҳо - Шарифзода Л.А., Қурбонов О.Б., Вализода Ш.Ҳ. ва Аҳророва З.С. шунида шуд. Дар бахши дувум бошад, донишҷӯён аз факултетҳои санъати мусиқии эстрадӣ, мусиқии суннатии тоҷик ва иҷрокунандагӣ - Содиқзода З., Хушқадамов Х., Ҳабибов Ш. ва Усмонова М. маъруза намуданд.
Дар фарҷоми конференсияи илмӣ-назарӣ, таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ барои сайқал додани дониши донишҷӯён тадбири муҳим ба шумор меравад.