Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар доираи дарси соати тарбиявӣ дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ, устодон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм Шарифзода Л.А. оғоз гардида, вобаста ба аҳаммияти Истиқлоли давлатӣ ҳамчун муҳимтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик, нақши сулҳу ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва саҳми насли ҷавон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол андешаронӣ сурат гирифт.
Дар идомаи ҳамоиш муовини ректор оид ба илм Шарифзода Л.А. суханронӣ намуда, Истиқлолро ҳамчун заминаи асосии рушди илму маориф, фарҳанг ва ҳунар арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлол барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илм, маориф ва фарҳанг, имкониятҳои мусоид фароҳам омадаанд.
Шарифзода Л.А. зимни суханронии худ ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид кард, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи кишвар бояд бо донишандӯзӣ, эҷодкорӣ, меҳнати софдилона ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар пешрафти Ватан саҳмгузор бошанд.
Бо назардошти он ки иштирокдорони асосии ҳамоиш донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ мебошанд, дар суханронӣ ба мақоми фарҳанг ва ҳунар дар таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки аҳли ҳунару эҷод дар ҳифз ва рушди мероси фарҳангии миллӣ, тарғиби арзишҳои маънавӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷик нақши муҳим доранд.
Сипас, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Исмоилов А.Ҷ. зимни суханронӣ ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Мавсуф таъкид кард, ки шинохти дурусти таърихи пурғановат, фарҳанги қадима, забон, адабиёт, мусиқӣ ва ҳунари миллӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии солим ва ҳисси баланди худшиносии ҷавонон аҳаммияти муҳим дорад. Қайд гардид, ки донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ ҳамчун идомадиҳандагони анъанаҳои ғании ҳунари тоҷикӣ дар назди таърих ва фарҳанги миллат масъулияти махсус доранд. Онҳо бояд мероси гаронбаҳои ниёгон, аз ҷумла мусиқии суннатӣ, Шашмақом, фалак ва дигар намунаҳои нодири ҳунари миллиро амиқ омӯзанд, эҳтиром намоянд ва дар баробари ҳифзи онҳо барои рушду такомули минбаъдаашон саҳм гузоранд. Исмоилов А.Ҷ. ҳамчунин ба зарурати омӯзиши пайвастаи таъриху фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ, риояи фарҳанги миллӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардаи Консерватория таъкид намуда, донишҷӯёнро ба иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятию фарҳангӣ, чорабиниҳои маърифатӣ ва эҷодии муассиса даъват кард. Дар суханронӣ таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба мероси таърихию фарҳангӣ танҳо эҳтиром ба гузашта нест, балки масъулият дар назди имрӯзу фардои миллат ва саҳм гузоштан дар муаррифии шоистаи фарҳанги тоҷик дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Ҳамчунин, мудири шуъбаи корҳои тарбиявӣ Каримзода М. дар бораи нақши корҳои тарбиявӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, фарҳанги муошират ва масъулияти шаҳрвандии донишҷӯён андешаҳои худро баён намуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гардид, ки 35-солагии Истиқлоли давлатӣ на танҳо ҷашни як санаи таърихӣ, балки фурсати муносиб барои дарки арзиши Истиқлол, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва муайян намудани масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар дар назди ояндаи Тоҷикистон мебошад.
Баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявию маърифатӣ дар Консерваторияи миллӣ ба баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд.
Ҷовидон бод Истиқлоли давлатӣ!
Пойдор бод сулҳу ваҳдати миллӣ!
Зиндаву сарбаланд бошад Тоҷикистони соҳибистиқлол!
