Ҷамъбасти даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-ватани азизи ман”
Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2026, №АП-949 протоколи ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии Озмуни мазкур ва фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.04.2026, таҳти №51 гурӯҳҳои корӣ оид ба баҳогузорӣ ба даври якуми иштироккунандагони Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” аз ҳисоби устодон ва омӯзгорони варзидаи муассисаҳои таълимӣ таъсис дода шуданд. Ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар муовини декани факултети мусиқии суннатии тоҷик Фаридуни Ҳотам ва мудири кафедраи мутрибони анъанавӣ Давлатов Қурбон сафарбар шудаанд. Омӯзгорони номбурда тайи санаи 29-уми апрели соли 2026 дар озмунҳои ноҳияҳои Ёвон, Ҷайҳун, Дӯстӣ, ва шаҳрҳои Норак ва Левакант иштирок намуда, ба сатҳи омодагии иштироккунандагони озмуни мазкур дар даври якум баҳои сазовор доданд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар баъзе ноҳияҳо ҳуҷҷатгузориҳои озмун ва иштироккунандагон ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳамчунин, дар ноҳияи Ҷайҳун довталабони синну соли беш аз 35 низ ширкат намуданд, ҳол он ки синни ниҳоии ширкаткунандагон то 35 муқаррар гардидааст.
Тибқи гуфтаи раиси қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон тӯли ду сол мақомоти ноҳия маблағи ширкаткунандагонро пардохт намекунанд ва аз ин сабаб, ҳамасола теъдоди довталабони ширкат дар озмуни мазкур пайваста кам мегардад.
Гузориш оид ба натиҷаи баҳогузории даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
