Эълон! Консерти “ЭҲЁИ САДО”

Posted Tue, 12/05/2026 - 12:59
By admin
Самира Амиршоева

Бахшида ба санаи бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14-уми майи соли 2026, соати 17 дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов (ш. Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода, 155, ошёнаи 1) таҳти унвони “Эҳёи садо” консерти донишҷуи соли дуюми ихтисоси фортепиано Самира Амиршоева баргузор мешавад. Дар консерт Самира Амиршоева бо дӯстон ва ҳамкасбонаш Карина Қодирова, Таманно Баҳромова, Аниса Аломуддинова, Яздон Сангов ва Беҳрӯз Набиев аз эҷоди бастакорони тоҷик, русу аврупоӣ оҳангу навоҳои зебою дилнишинро пешкаши тамошобинон мегардонанд.
Шоми “Эҳёи садо”-и Самира Амиршоева дар ин айёми зебои баҳор хотирмон, пур аз орзуву армон ва фаромӯшношуданӣ хоҳад буд.
Алоқамандони санъати мусиқии фортепианоро ба консерт даъват менамоем. 
Даромад ба консерт озод аст.