Шарифов Хушнуд Иззатуллоевич

Шарифов Хушнуд Иззатуллоевич

Муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ – Шарифов Хушнуд Иззатуллоевич

Шарифов Хушнуд Иззатуллоевич аз моҳи сентябри соли 2025 то имрӯз дар вазифаи Муовини ректор оид ба корҳои эҷодии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолият менамояд.
Фаъолияти касбии мавсуф ба рушди санъати мусиқии эстрадӣ, такмили фаъолияти эҷодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои фарҳангӣ дар муҳити донишгоҳӣ равона гардидааст.

Фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 2009–2013 – Роҳбари бадеии ансамбли мусиқии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ.
  • Солҳои 2013–2018 – Омӯзгори кафедраи сарояндагии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
  • Солҳои 2018–2025 – Декани факултети санъати мусиқии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов.
  • Аз сентябри соли 2025 то ҳол – Муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ.

Дар давраи фаъолияташ дар Консерватория дар самти ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, консертҳо, фестивалҳо ва рушди иқтидори эҷодии донишҷӯён саҳми арзанда гузоштааст.

Маълумот барои тамос:
Телефон: 2211952, 556132828
E-mail: sharifovmatin2@gmail.com