Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

международное отношение

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов  ҷузъи сохтории Консерватория маҳсуб ёфта, дар сохтори қисми илм  фаъолият менамояд. Шуъба дар асоси Оинномаи Консерватория ва Низомномаи шуъба амал намуда, дар фаъолият ба қонунҳо, санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалии аз ҷониби ҳамагон эътироф шуда пайравӣ менамояд. 

Вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолият

Фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба густариши ҳамкориҳои Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо муассисаҳои таҳсилоти олии мусиқии касбии кишварҳои хориҷӣ равона гардида, дар ин замина роҳандозии ҳамкориҳои таълимӣ, илмӣ ва эҷодиро таъмин менамояд. 

Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ

  • Барқарор намудан ва рушди робитаҳо бо консерваторияҳо ва донишгоҳҳои мусиқии хориҷи кишвар (Русия, Беларус, Қазоқистон, Олмон, Италия, Эрон ва дигар кишварҳо).
  • Тартиб додан ва назорати иҷрои созишномаҳои ҳамкорӣ. Айни замон шуъба иҷрои 15 созишномаи амалкунандаро таъмин менамояд.
  • Ташкили сафарҳои ҳайати консерватория ба хориҷа ва қабули ҳайатҳои хориҷӣ дар Душанбе.

Фаъолияти иттилоотӣ ва ташкилӣ

  • Тарҷумаи санадҳо ва номаҳои расмӣ, маълумотномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
  • Тайёр кардани маводи иттилоотӣ барои чорабиниҳои байналмилалӣ (пресс-релизҳо, барномаҳо, буклетҳо).
  • Ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳо ва консулгариҳо оид ба масъалаҳои раводид барои донишҷӯён ва устодони хориҷӣ ва дохилӣ.

Ташкили чорабиниҳои байналмилалӣ

  • Баргузории фестивалҳо ва озмунҳои байналмилалӣ дар ҳудуди консерватория 
  • Ташкили мастер-классҳо (дарсҳои маҳорат) ва лексияҳои устодони хориҷӣ барои донишҷӯён (ҳар сол то 5-6 мастер-класс).
  • Ҳамкорӣ дар ташкили конфронсҳои байналмилалии илмӣ-амалӣ дар соҳаи санъати мусиқии касбӣ.

Саидзода Рамзия Саидқул

Мудири шуъба Саидзода Рамзия Саидқул

  • Номзади илмҳои филологӣ
  • Омӯзгори калони кафедраи забонҳои Консерватория
  • Аълочии фарҳанги Тоҷикистон

Тел: +992938525244 
        +992918535244
        +992372219312
Email: ramziyajuraeva@gmail.com

Кор ва фаъолияти собиқа

  • Солҳои 2000-2002 Омӯзгори фанни забони англисӣ, мактаби миёнаи умумии №59, шаҳри Душанбе
  • Солҳои 2002-2004 Ассистенти кафедраи забони англисӣ, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, омӯзгори забони англисӣ, гимназияи ДСХ
  • Солҳои 2007-2018 Омӯзгори кафедраи забонҳои Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
  • Солҳои  2018-2020 Мудири шуъбаи ғоибона ва  такмили тахассуси  кормандони  Консерваторияи  миллии  Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
  • Аз августи соли 2020 то ҳол Сардори маркази иттилоот ва робитаҳои байналмилалии Консерваторияи  миллии  Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов