Қурбонов Оятулло Баракатуллоевич

Қурбонов Оятулло Баракатуллоевич

Иттифоқи касабаи кормандон ва омӯзгорони Консерватория

Иттифоқи касабаи кормандон ва омӯзгорони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамчун ниҳоди ҷамъиятӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатии кормандон ва омӯзгорон фаъолият менамояд.
Раиси иттифоқи касаба – Қурбонов Оятулло Баракатуллоевич
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон
Қурбонов Оятулло фаъолияти меҳнатии худро дар соҳаи маориф оғоз намуда, тайи солҳои фаъолият дар рушди низоми таълим ва такмили раванди таълим дар Консерватория саҳми назаррас гузоштааст.

Фаъолияти корӣ:

•    Солҳои 2016–2017 – Омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12, шаҳри Душанбе.
•    Солҳои 2017–2018 – Омӯзгори кафедраи забонҳои Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов.
•    Солҳои 2018–2020 – Мудири кафедраи забонҳои Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов.
•    Солҳои 2020–2025 – Сармутахассиси раёсати таълими Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов.
•    Аз 01 сентябри 2025 то ҳол – Сардори раёсати таълими Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов.

Иттифоқи касаба таҳти роҳбарии ӯ дар самти таҳкими ҳамкории маъмурият ва кормандон, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва дастгирии иҷтимоии аъзои иттифоқ фаъолияти мунтазам мебарад.

Маълумот барои тамос:
Телефон: 2270712, 985365952
E-mail: oyatullohqurbonov124@gmail.ru