Шарифзода Лутфулло Абдулло

Шарифзода Лутфуллои Абдулло

Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ

Фаъолияти бахши илм дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву барномаҳои давлатӣ дар соҳаи илм ва маориф, инчунин нақшаи тасдиқшудаи кории бахши илми Консерваторияи миллӣ роҳандозӣ гардида, ба рушди корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳкими омодасозии кадрҳои илмӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ равона шудааст.

1. Таҳкими заминаи институтсионалӣ ва омодасозии кадрҳои илмӣ

Дар соли 2025 бо дастгирии КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурои муштараки диссертатсионӣ таъсис дода шуд (фармоиши №53/шд аз 31.01.2025), ки барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD) ва номзади илм аз рӯйи як қатор ихтисосҳои санъатшиносӣ, мусиқишиносӣ ва рассомӣ фаъолият менамояд. Ин иқдом қадами муҳим дар самти мустақилияти илмӣ ва таҳкими пойгоҳи кадрии соҳа арзёбӣ мегардад.
Айни замон дар шуъбаи магистратура 27 нафар (16 буҷавӣ, 11 шартномавӣ) ва дар зинаи доктор PhD 4 нафар (3 буҷавӣ, 1 шартномавӣ) таҳсил доранд. Бо вуҷуди хориҷ гардидани 1 магистрант ва 2 докторант дар давоми сол, тамоюли умумӣ ба рушди таҳсилоти баъдидипломӣ мусбат арзёбӣ мешавад.

2. Фаъолияти илмӣ ва чорабиниҳо
Дар соли 2025 бахши илм 17 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 7 конференсия, 4 мизи мудаввар, 2 семинар-машварат ва як семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор намуд. Танҳо дар моҳи апрел 93 маъруза (33 донишҷӯ, 14 магистр, 46 омӯзгор ва докторант) пешниҳод гардид, ки нисбат ба 47 маърузаи соли гузашта қариб ду баробар зиёд аст.
Таҳлил нишон медиҳад, ки:

• фарогирии кафедраҳо васеъ гардида (9 аз 12 кафедра фаъолона иштирок намуданд);
• иштироки донишҷӯён ва магистрантон назаррас афзоиш ёфтааст;
• сифати ташкилу омодагӣ ва инъикоси иттилоотӣ беҳтар шудааст.

Мавзуъҳои илмӣ асосан ба масъалаҳои рушди мусиқии касбӣ дар шароити Истиқлол, ҳифзи мероси суннатӣ (Шашмақом, Фалак), масъалаҳои педагогикаи мусиқӣ ва фарҳанги миллӣ равона шуданд.

3. Натиҷаҳои интишорот ва фаъолияти илмӣ-таълимӣ

Дар соли 2025 дар маҷмуъ 61 мақола ба нашр расид, аз ҷумла:

• 30 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА,
• 31 мақолаи илмӣ-омавӣ.

Инчунин 9 китобу маводи илмӣ-таълимӣ ва 10 дастури нотавӣ барои тавсия ба нашр омода гардиданд. Ин нишондиҳандаҳо аз фаъол гардидани муҳаққиқон ва таҳкими иқтидори илмӣ шаҳодат медиҳанд.
Нашри мунтазами маҷаллаи илмии «Мутриб» низ ҳамчун минбари асосии илмии муассиса идома ёфт. 

4. Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва эътирофи хориҷӣ

Дар соли 2025 ду созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расида, 13 сафари хориҷӣ амалӣ гардид. Консерватория бо зиёда аз 14 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад.
Дарсҳои маҳорат бо иштироки мутахассисони хориҷӣ (аз Русия, Фаронса, Олмон, Чин ва дигар кишварҳо), иштироки устодон дар конференсияҳои байналмилалӣ (Париж, Тошканд, Бухоро ва ғ.), инчунин иштироки донишҷӯён дар фестивалу озмунҳои байналмилалӣ (Қазоқистон, Узбакистон ва ғ.) нуфузи байналмилалии муассисаро таҳким бахшид.
Қобили зикр аст, ки ду дипломи хатмкардагони шаҳрвандони Ҷумҳурии мардумии Чин аз ҷониби мақомоти дахлдори он кишвар расман эътироф гардиданд, ки нишондиҳандаи баланд гардидани сатҳу сифати таҳсилот мебошад.

5. Дастовардҳои эҷодӣ ва иштироки донишҷӯён

Иштироки фаъол дар симпозиумҳои байналмилалӣ, фестивалҳои Фалак ва Шашмақом, чорабиниҳои фарҳангии сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ, инчунин ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ дар озмунҳо (аз ҷумла «Романсиада») далели рушди муҳити эҷодию илмии муассиса мебошад.
Ҳамин тавр, таҳлил нишон медиҳад, ки дар соли 2025:

• фаъолияти илмӣ нисбат ба соли гузашта ба таври назаррас афзоиш ёфт (афзоиши қариб дукаратаи маърузаҳо);
• пойгоҳи институтсионалии омодасозии кадрҳои илмӣ таҳким гардид (таъсиси Шурои муштараки диссертатсионӣ);
• интишороти илмӣ ва китобҳои таълимӣ афзоиш ёфтанд;
• сатҳи байналмилалӣ ва нуфузи илмии муассиса баланд гардид;
• ҷалби донишҷӯён ва магистрантон ба корҳои илмӣ бештар шуд.

Дар маҷмуъ, соли 2025 барои бахши илм соли рушди устувор, густариши фаъолият ва таҳкими мавқеи илмии Консерватория арзёбӣ мегардад. Тамоюли мусбат нишон медиҳад, ки дар сурати идомаи сиёсати ҳавасмандгардонии таҳқиқот, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба илм, иқтидори илмии муассиса дар солҳои оянда боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.

Муовини ректор оид ба илм 
ва робитаҳои байналмилалӣ 
номзади илмҳои филологӣ 
Шарифзода Л.А.

Тел: 2274003, 985868646
E mail:sharifzoda@mail.ru