Факултети иҷрокунандагӣ

Факултети иырокунандагӣ калонтарин факултет дар Консерваторияи миллӣ ба ҳисоб рафта, аз шаш кафедра иборат аст ва аз руйи 7 ихтисос мутахассис тайёр мекунад: кафедраҳои таърих ва назарияи мусиқӣ (мусиқишиносӣ), фортепианои тахассусӣ, композитсия ва созбандӣ, созҳои оркестрӣ, созҳои халқӣ, сарояндагии академӣ ва дирижёри хор.

Сарварии факултетро инҳо ба зимма доштанд:

  • 2003–2007 Халилов Суръат Муҳаммадович
  • 2007–2017 – Саидов Мирзо Нуриддинович
  • 2017–2018 – Мӯсозода Амирбек Қара
  • 2018–2021 – Маҳмудӣ Аброр Дадахон
  • 2021–2025 – Аҳмадзода Зуҳриддин Шамол
  • Аз сентябри соли 2025 то ҳол – Абдуллозода Эмомалӣ Асадулло

Дар 3 соли охир аз тарафи омӯзгорони факултети иҷрокунандагӣ 7 дастури методӣ ва китобҳои дарсӣ таҳия ва нашр шудаанд:  «Муҳаббати ватан»- и Достизода Миралӣ: «Репертуари педагогии донишҷӯ» (дастури таълимӣ-методӣ барои овозхонҳои касбӣ)-и  Достизода Миралӣ, «Хрестоматия» (Маҷмӯаи асарҳои композиторони тоҷик)- и Олимова Хосият, «Экспедитсияи мусиқӣ-этнографӣ: таҷрибаи омӯзишӣ ва амалӣ», «Назарияи мусиқӣ», «Асосҳои мақоми тоҷик», «Солфеҷиои этникӣ»- и Ҳакимова Дилбар, «Мактаби омӯзиши най»- и Ёқубов Қурбоналӣ, «Наво ва базм»- и Маҳмудӣ Аброр Дадахон ва ғ.

Декани факултети иҷрокунандагӣ: Абдуллозода Эмомалӣ Асадулло

Абдуллозода Эмомалӣ Асадулло

Кор ва фаъолияти собиқа

  • 2015-2019 Артисти дараҷаи якум дар ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлати Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев   
  • 2019–2020 Омӯзгори кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов
  • 2020-2025 Омӯзгори калони кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов
  • Аз 01 сентябри соли 2025 то ҳол декани факултети Иҷрокунандагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов

 

Маълумот барои тамос:
Телефон: 2270702; (+992) 988575730
E-mail: emomali.asadull91@mail.ru


Солеҳзода Диана Владимир

Муовини декани факултети иҷрокунандагӣ: Солеҳзода Диана Владимир

Солҳои 2023-2025 дар шуъбаи магистратураи Консерваторияи миллӣ таҳсил намудааст.

Аз моҳи феврали  соли 2023 то имрӯз ба ҳайси муовини декани факултети иҷрокунандагӣ фаъолият дорад. 

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» (ноябри соли 2022) аз рӯйи номинатсияи «Композитори академӣ» сазовори ҷойи II гардид.

Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол» дар соли 2022.

Маълумот барои тамос:
Телефон: (+992) 917-676-725
E-mail: dianasolehzoda1405@gmail.com