Боздиди муовини вазири маориф ва илм аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Posted Wed, 25/11/2026 - 17:02
By admin
Иброҳимзода Илҳомуддин ва Давлатзода Баходур

25 ноябри соли 2026 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов боздид ба амал оварда, бо вазъи раванди таълиму тарбия, давомоти донишҷӯён, фаъолияти омӯзгорон ва шароити таҳсил дар муассиса аз наздик шинос шуд. Зимни боздид муовини вазир аз синфхонаҳо, толорҳои таълимӣ, утоқҳои тахассусӣ ва дигар иншооти таълимии Консерватория дидан намуда, ҷараёни баргузории машғулиятҳои назариявию амалӣ, дарсҳои инфиродӣ ва омодагии донишҷӯёнро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ҳамзамон, бо омӯзгорону донишҷӯён суҳбат намуда, оид ба риояи интизоми таълимӣ, сифати дарсҳо, масъулияти омӯзгорон ва иштироки мунтазами донишҷӯён дар машғулиятҳо андешаронӣ кард.

Зимни муаррифии фаъолияти муассиса иттилоъ дода шуд, ки Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов соли 2003 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ягона муассисаи олии касбии соҳавӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад, ки мутахассисони соҳаи санъати мусиқиро омода менамояд. Дар Консерватория таълим аз рӯйи самтҳои гуногуни санъати мусиқӣ, аз ҷумла мусиқии суннатии тоҷик, иҷрокунандагӣ, санъати сарояндагӣ, дирижёрӣ, композиторӣ ва мусиқишиносӣ ба роҳ монда шудааст. Таъкид гардид, ки бо дарназардошти хусусияти хоси муассиса, ташкили босифати машғулиятҳои амалӣ, дарсҳои инфиродӣ, такмили маҳорати иҷрокунандагӣ, фаъолияти эҷодӣ ва риояи анъанаи устодиву шогирдӣ дар омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи мусиқӣ аҳаммияти махсус доранд.

Дар идомаи боздид муовини вазир ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими интизоми таълимӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, истифодаи самараноки имкониятҳои моддию техникии муассиса ва тақвияти фаъолияти илмӣ-эҷодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки ҳайати роҳбарият ва омӯзгорони Консерваторияро зарур аст, ки бо истифода аз усулҳои муосири таълим ва таҷрибаи пешқадам дар самти омодасозии мутахассисони рақобатпазири соҳаи санъати мусиқӣ масъулияти бештар зоҳир намоянд. Ҳамзамон, донишҷӯён бояд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, дар баробари азхуд намудани донишҳои назариявӣ ба такмили малакаҳои касбӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва баланд бардоштани сатҳи маҳорати иҷрокунандагии худ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.