Иштироки профессори консерваторияи миллӣ дар семинари байналмилалии илмӣ дар шаҳри Тошканд
24 ноябри соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон семинари байналмилалии илмӣ дар мавзуи «Фалак: мероси мусиқии халқи тоҷик» баргузор гардид. Дар он Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, профессори кафедраи созҳои халқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Қурбониён Қурбон Эмомалӣ ҳамчун маърузачӣ ва роҳбари семинар иштирок намуд.
Зимни ҳамоиш мавсуф оид ба таърихи ташаккул, мактабҳои анъанавии иҷро, хусусиятҳои жанрӣ ва бадеии санъати фалак, инчунин нақши он дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик маъруза намуд. Ҳамзамон, масъалаҳои ҳифз, эҳё ва рушди минбаъдаи ин санъати мардумӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистону Узбекистон, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии мероси мусиқии халқи тоҷик аҳаммияти муҳим дошта, барои ҳифзу гиромидошт ва интиқоли суннатҳои асили санъати фалак ба наслҳои оянда заминаи мусоид фароҳам меорад.
