35 солат ба ҳазор сол расад, ватани азиз!

Posted Tue, 15/09/2026 - 11:39
By admin
Мастона Эргашева

Ҳаёти ман ва вуҷуди ман бо ин обу хок пайванди абадӣ дорад. Ҳамин ҷо таваллуд шудам, камол ёфтам, соҳиби ному нон гаштам. Тоҷикистон Ватани ман аст. Аз рӯзҳои нахуст кӯшидам дар баробари дигар оҳангҳо муҳаббати худро бо сурудҳои хоси ватандӯстона ба Меҳану миллатам баён созам.

35 сол пеш Тоҷикистони азизи ману мо ба Истиқлол расид. 35 сол аст, ки Истиқлолро дар хуну ҷони худ эҳсос мекунам. Дар ин 35 сол, хусусан рӯзҳои душвори солҳои навадум, ки хонаи ман дар наздикии ҳар ду майдон буду пайваста дар иҳотаи майдоннишинон, аз Ватани азизам як қадам берун нарафтам. Агар рафтам, барои тарғиби ҳунари баланду қадимии миллати бузургам рафтам. Ҳар куҷо ки будам, бо тору мақом бузургии миллати тоҷик ва азамати санъати тоҷикро муаррифӣ мекардам.

Соли 1992 дар матбуот шеъре аз устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ бо номи "Роҳи ободӣ, куҷоӣ?" нашр шуд:

Ғарқи дарёи ғамонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Як қалам шакку гумонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Ба ин шеър оҳанг бастаму худ ба худ мехондам ва мегиристам. Хусусан дар ин ҷойи шеър:

Канда тори шоҳрудам, мурда ёри ҳамсурудам,

Ман дигар бо кӣ бихонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Он шабу рӯз аз шаҳодати Кароматуллоҳи Қурбони раҳматӣ чанд рӯзе гузашта буд ва мо як гурӯҳ ҳунармандон ба Ҳонконг сафари ҳунарӣ доштем. Дар ин сафар ин шеъру оҳанг дар дилам ҷӯш мезад, дар лабонам тараннум мешуд ва вз чашмонам ашк мерехт.

Ҳазор шукр, ҳазорҳо шукри Худованди бузург, ки роҳи ободӣ бо талоши ҷавонмардони фарзонаи халқ, хусусан Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои муаззами миллат роҳи ободӣ пайдо шуд.

Дар ин муддат бо ин марди бузурги таърих ҳазорҳо роҳу хона обод шуд, Ватан обод шуд, дилҳо ободу шод шуд, ки миннатдорем.

Чанд сол пеш ба як шеъри шоири ширинкаломамон устод Гулрухсор ба номи "Духтари барқи кӯҳистон" оҳанг баставу сароидам. Вақте ки ба ин мисраъҳо расидам:

Гарчи то ман пора-пора омадӣ,

Зинда бош, эй ҷони афгорам, Ватан,

беихтиёр гиристам ва ҳар бор ин байтро бихонам, мегирям. Он чи аз сари миллату Меҳани азизи ман дар дарозои таърих гузаштааст, пеши рӯям меояд ва маро ба риққат меорад. Бовар дорам, ки устод Гулрухсор ҳам ин ҳарфҳои самимонаро бо оби чашм ба рӯйи сафҳа овардааст ва сипосгузорам, ки ҳарфи дили моро шоир рӯшан баён кардааст.

Тоҷикистони азиз, Ватани чун ҷон ширини ман, дигар ҳеч гоҳ ғаму дардро набин, 35 соли ободиву озодият ба ҳазор сол бештар расад. Умри Пешвои тоҷикон дароз бошад. Миллати тоҷик ҳамеша шодмон бошад. Ва ман ҳам, мо ҳам дар рӯзҳои аз ин ҳам беҳтарат бисароем:

Тоҷикистон, ҷуз ту нашносад касе

Дар ғурури ман куҳистони маро.

Дар каломи содаам, дар лаҳҷаам

Зарби исён, руҳи урёни маро.

Зарраи хуршеди тобони туям,

Лолае дар марзи домони туям.

Эй Ватан, эй руҳ, эй модархудо,

Духтари барқи куҳистони туям.

Мастона ЭРГАШЕВА,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, и.в. профессори кафедраи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллӣ